Китоби «Пайрави содиқи Пешво» ба нашр расид
2022-07-13
Бо ҳамин унвон китоби
нави раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода, собиқ роҳбари дастгоҳи
раиси шаҳр бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид. Китоб дар матбааи ҶДММ «Илм»
нашр шуда, сарсухани онро Шоири халқии Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони асар
Муҳаммад Ғоиб навиштааст. Муҳаррири дигари китоб мудири шуъбаи Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттори Раҳмон мебошад. «Пайрави
содиқи Пешво» идомаи сисилакитобҳои дар бораи бунёдкориҳову созандагиҳои
мардуми шаҳри Ваҳдат – «Файзи Кофарниҳон» ва «Шаҳриёри шаҳри нур» мебошад. Агар
«Файзи Кофарниҳон» ободонию пешрафти шаҳри Ваҳдатро дар даврони истиқлолият,
давраи раиси шаҳр будани Исмоилҷон Гулов, «Шаҳриёри шаҳри нур» давра раисии
Анвари Вайсиддинро дар бар гирад, дар «Пайрави содиқи Пешво» аз файзи сафарҳои
ба шаҳри Ваҳдат анҷомдодаи Асосгузори сулҳу миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раиси шаҳр будани Раҳмоналӣ
Амирзода чӣ бунёдкориҳову созандагиҳо ба амал омадаанд, ҳикоят мекунад.
Раҳмоналӣ Амирзода аз соли 2013 то соли 2021 раисии шаҳри Ваҳдатро ба зимма
дошт ва дар ин муддат Сарвари давлат чанд маротиба ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ
анҷом додаанд, ба ин муносибат мардуми шарифи Ваҳдатшаҳр таҳти роҳбарии Р.
Амирзода чӣ бунёдкориҳову ободониҳо кардаанд, чанд иншооти муҳимми таъйиноти
гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд ва ба чанд иншоотро, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон санги асос гузоштаанд, дар китоб муфассал ҳикоят карда мешавад.
Дар сарсухани китоб
Муҳаммад Ғоиб овардааст: «Роҳбар бояд намунаи хуби ибрат ва пешкори даста,
раҳнамову ҳидоятгар ва мушовири аз ҳама пурқудрати идораву коргоҳ бошад».
Муаллифи асар дар симои собиқ раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода чунин роҳбарро ба
қалами тасвир дода, ӯро пайрави содиқи Пешвои миллат номидааст.
Китоби «Пайрави содиқи
Пешво» аз содиқ будани қаҳрамони асар ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва хидмат кардан ба халқи кишвар қисса карда, дигаронро ба роҳи
худшиносию ватандорӣ ҳидоят менамояд.
Амруллоҳи Забир,
мудири шуъбаи иттилоот
ва таблиғоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри
Ваҳдат.