Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ТИ "Ғарав"
2022-07-13
Дар
доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ интихоботӣ бо иштироки намояндаи
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар
ташкилоти ибтидоии “Ғарав”- и ҷамоати деҳоти Даҳана, маҷлиси
ҳисоботӣ- интихоботии ташкилот баргузор гардид. Ҷоиз ба ёдоварист, ки дар
ташкилоти ибтидоии мазкур 53 нафар аъзои ҳизб муттаҳид гардида, имрӯз ба мардум дар
асоси ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ хизматрасонӣ менамоянд.
Зимни баррасии ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии Ғарав таъкид гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии Ғарав пайваста ҳадафҳои созандаи ҲХДТ- ро дар сатҳи маҳал амалӣ менамоянд. Саҳми ҳизбиёни ташкилот дар баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!», амалиёти «Рӯзи ёдоварӣ» ва аксияи таблиғотии «Мактаби ман» назаррас мебошад. Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзои ташкилот номзадии Ҷураев Илҳомро ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии Ғарав интихоб намуданд. Сипас нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, номзадии 3 нафар аъзои фаъоли ташкилот ба ҳайси вакил барои иштирок дар конференсияи ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар сафи ҳизб намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиён, олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, муҳандисон, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, собиқадорону шахсони обурӯманди кишвар ҷамъ омадаанд. Ин нерӯи бузург тавони онро дорад, ки бо қувваи бузурги зеҳниву ақлонӣ, ибрати шахсӣ, садоқат ба манфиатҳои халқу Ватан ҷомеаро ба самти дурусти тавсеаи ислоҳоти демократӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, мустаҳкам шудани нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналхалқӣ сафарбар намояд.