Сафи аъзои ҳизб меафзояд
2022-07-12
Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ҳизби бонуфуз ва пешоҳанги кишвар маҳсуб ёфта, дар байни сокинон
соҳиби мартабаи хос мебошад. Бинобар ин сол то сол аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби
пешсаф рӯ ба афзоиш дорад ва бештари онҳо аз ҳисоби ҷавонони фаъоли кишвар
мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки
барои ҳар як ҷавони кишвар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан, боиси
ифтихору сарфарозист ва имрӯзҳо ҷавонони зиёд ба таври ихтиёрӣ ва хоҳиш худ ба
сафи ҲХДТ шомил мешаванд.
Дар доираи ин иқдом, ҷавонони
фаъоли ноҳия ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ариза пешниҳод карда, бо
хоҳиши худ ба сафи ҲХДТ пайвастанд. Шаҳодатномаи ҳизбӣ бо тантана аз ҷониби раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ супорида шуд.
Боиси зикри хос аст,
ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту
зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар
байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда,
барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси
истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои
хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани
азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро
барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои
таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи
ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.