Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-07-12

Имсол мардуми сарбаланди Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Бояд қайд кард, ки соли 1992 барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон соли ниҳоят вазнину мудҳиш буд. Аз ҷониби мансабталошон оташи ҷанги бародаркуш аланга зада, мамлакат дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифта буд. Ба бахти мардуми кишвари Тоҷикистон пирӯзӣ маҳз бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.

Дар Кохи фарҳанги Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), маъруф ба «Қасри Арбоб» аз 16 ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Дар он вакилони халқ тайи 17 рӯз роҳҳои аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ берун баровардани ҷумҳуриро баррасӣ ва ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистонро барқарор карданд. Вакилон рӯзи сеюми Иҷлосия якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд.

Пешвои кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир ваъда доданд, ки “Ман ба хонадони шумо сулҳу субот меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!.. Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам, ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!” ва ба ваъдаи худ истодгарӣ намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ намуданд.

Тавассути Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи навини давлатдорӣ оғоз шуд. Тоҷикистон таҳти сарварии фарзанди фарзонааш — Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё ва дар ҷодаи рушд собитқадам гардид.