Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Истиқлол" баргузор гардид

2022-07-12

Конференсияи IV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и МД Маҷмааии тандурустии “Истиқлол” бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал ҳисоботи муовини раиси КИИ «Истиқлол» оид ба фаъолияти Кумита аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 522 нафар кормандон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» ба сафи ҳизб пайвастанд. Ҳолати номуайянии шумораи аъзои ҳизб тибқи ҳисоботи оморӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба пуррагӣ бартараф гардидааст. Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд.

Тибқи муқаррарот раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» Хуршед Рустамзода бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

Дар идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба ин қишри ояндасози ҷомеа ҳамчун нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол эътимод дорад. Ҳамзамон, А.Шоҳиён таъкид намуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа дода, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошем.

Латизода Асрор Қурбон оид ба нақши ҲХДТ дар коҳиш додани сатҳи камбизотӣ ва зиндагии осоиштаи мардум суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад.

Дар идома А. Латифзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”-ро дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.

Ҳифзи ҳамешагии он, таҳким бахшидани омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву дарки манфиатҳои умумимиллӣ, вазифаи муқаддаси ватандории ҳар яки мо маҳсуб мешавад.

Дар охир як қатор аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол», ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд, бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.