Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хайрия”
2022-07-12
Дар ташкилоти ибтидоии
“Хайрия” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим
маҷлиси ҳизбӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ доир гардид.
Нахуст ҳисоботи раиси ташкилот
оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли
2022 шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ
дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъол дошта, инчунин, бобати татбиқи сиёсати давлатии
мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз ҷумла пардохти ёрипулӣ барои бекорӣ, ташкили корҳои
ҷамъиятии музднок ва дигар масъалаҳои марбута, тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ, иштироки фаъолона дар маъракаи
сиёсии обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолияти муваффақ доштанд. Аъзои ҳизб, собиқадорону фаъолон дар музокира
баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Сипас аз рӯйи масъалаҳои
дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раиси ташкилоти ҳизбӣ, муовини раис, котиб
ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони
Ватан” интихоб гардиданд. Раиси ташкилот ҳамчун вакил ба конференсияи ташкилотҳои
ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардид.
Сипас Раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти
назарраси ташкилот бобати баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ,
тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат
ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, дастгирӣ ва ҳамовозии
содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштироки фаъолона дар маъракаи
сиёсии “Обуна-2023” ва амсоли ин мавзӯъҳои набзи
ҷомеа суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон,
мавсуф иброз намуд, ки моро лозим ҳаст то донишу таҷриба ва кӯшишу
ғайрати худро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар намоем. Вазифаи муҳимтарини ҳар як
фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин ҳифзи
озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ бояд бошад.
Дар анҷоми маҷлис Суруди миллӣ аз ҷониби кормандон ва аъзои ҳизб бо таври зинда суруда шуд.