Вохӯрии судманд дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор гардид

2022-07-08

Ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия ва аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баромади хеш Сафар Ҳафиза иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхори мардуми заҳматкаш буда, барои зиндагии шоистаи мардуми тоҷик аз аввали ба сари қудрат омаданашон талош менамоянд. Ва он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дода мешавад, барои ояндаи дурахшон ва зиндагии рангину гуворои сокинони кишвар равона шудааст.

Дар идома иброз гардид, ки ҳар як сокини дурандеш ва меҳнатдӯстро зарур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ тадбирҳои муҳим андешад. Тибқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сурати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, анвои гуногуни маҳсулоти ғизоии рӯзгорамонро ба даст оварда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳем намуд.

Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ имкониятҳои бениҳоят зиёд дорад ва дар сурати ҳадафмандона истифода гардидани содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар меафзояд.

Дар охир зикр гардид, ки натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи сокинони заҳматкаши он, ноҳия ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ торафт бештар мегардад.