Абдуҷаббор Азизӣ бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо аёдат намуд
2022-07-08
8-уми июли соли 2022
ба муносибати Рӯзи маъюбон ва пиронсолон, ки ҳамасола 8-уми июл дар саросари
кишвар, махсусан дар қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил
карда мешавад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Абдуҷаббор Азизӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва
маъюбони шаҳри Душанбе ташриф оварда, бошандагони ин даргоҳро аёдат намуд.
Зимни аёдат Абдуҷаббор
Азизӣ маъюбону пиронсолонро аз номи Роҳбарияти ҳизб ба ифтихори ин рӯз табрику
шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои
имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату
ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб
меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду
ҷашнҳо корҳои муҳимму назаррас анҷом дода мешавад.
Гуфта шуд, ки маросими
аёдат ва туҳфасупории Пешвои муаззами миллат ба маъюбону барҷомондагон, ки
зимни ҳар як сафари кориашон ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар сурат мегирад, дер
боз ба ҳукми анъана даромадааст, ки сазовори таҳсину офарин ва намунаи олии
пайравӣ аст.
Ғамхорӣ дар ҳаққи
гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд,
нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар
меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025
қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла
роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро
рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ
ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад,-гуфт А. Азизӣ.
Дар ин миён чанде аз
бошандагони марказ баромад карда, изҳори сипоси худро ба Раиси муаззами ҳизб,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён
доштанд.
Дар идома аз номи
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
як қатор пиронсолону маъюбони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон
ва маъюбони шаҳри Душанбе туҳфаҳои идона тақдим гардида, дастархони идона
ороста шуд.
Дар охир баҳри
болидарӯҳии бошандагони марказ барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур гардид, ки
хотири ҳозиринро шод намуд.
Ёдовар мешавем, ки ба
ифтихори Рӯзи маъюбон ва пиронсолон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб низ
чорабинии хайриявии “Даст ба дасти ҳам” рӯйи даст гирифта шуд, ки дар доираи он
маъюбону барҷомондагон аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Парчами миллӣ дидан карда,
таассуроти нек бардоштанд. Ҳамзамон, ба ин муносибат масъулини ҳизбӣ ба
манзилҳои истиқоматии ниёзмандону барҷомондагон ва шахсони бепарастору яккаву
танҳо рафта, хонаҳои онҳоро рӯбучин ва тозаву озода намуданд