Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИИ «Ориёфар» баргузор гардид
2022-07-08
Дар кори Конфренсияи
VIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии
ҳизбии “Ориёфар” Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
иштирок доштанд.
Дар оғоз ҳисоботи раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар”, Асадуллозода Ҳасан “Оид ба фаъолияти Кумитаи
иҷроияи ибтидоӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи майи соли 2022” шунида
шуд. Зикр гардид, ки бо умумияти
ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳо ва интизоми бошуурона, баробарии ҳуқуқ
ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзо, ташкилоти номбурда дар тарғиби ғояҳои ватандӯстиву худшиносӣ саҳми назаррас дорад.
Бо
назардошти ҷашнҳои дарпешистода ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ нақшаи фаъолияти
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар” барои нимсолаи дуюми соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод
гардид.
Дар
идомаи кори Конфересияи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии
«Ориёфар», масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи XXXII ҳисоботӣ – интихоботии
ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе” баррасӣ гардид.
Хайриниссо
Юсуфӣ зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо, ки сиёсати
бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро ташкил медиҳанд, ҳизб тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият
талош мекунад, ки барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодию иҷтимоии
кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар
ин радиф номбурда иброз доштанд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва
бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии
аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар
асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона
шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти ҳизб рушди
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва
сиёсӣ босубот мебошад.
Дар
охири кори Конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар” ба кормандоне, ки мавқеи
сиёсаашонро дар ҷомеа пайдо намуда ба узвияти ҳизб ариза пешниҳод намуданд, дар
вазъияти тантанави шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.