Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нафту газ”

2022-07-08

Санаи 7-уми июли соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии "Нафту газ" –и ҶСК “Нафту газ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сараввал ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии “Нафту газ” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Ҳамзамон, А. Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Нафту газ”, Бурихон Исматов бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

Дар идомаи маҷлис Латифзода Асрор Қурбон оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ ҳамчун нерӯи ояндасоз вусъат бахшидан ба раванди ислоҳот дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Дар ин радиф мавсуф зикр намуданд, ки ҳизб чун ҳарвақта, дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастанопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Ҳизб дар оянда низ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

Ҳифзи ҳамешагии озодиву истиқлоли кишвар, таҳким бахшидани омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву дарки манфиатҳои умумимиллӣ, вазифаи муқаддаси ватандории ҳар яки мо маҳсуб мешавад,- иброз намуд А.Латифзода.