Ҷавонон ояндасози давлату миллат
2022-07-08
Баъди соҳибистиқлол гаштани
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар бахусус соҳаи ҷавонон ва сиёсати
давлатии ҷавонон аз мадди назари Пешвои сулҳовари мо дур намондааст. Зеро баъди
нотинҷиҳои хушунатбор самти фаъолияти ҷавонон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, ҷавонони боору
номуси кишварамон дар қатори дигар зиёиёну олимони кишвар чун Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ва дигарон баҳри беҳбудию дигаргунӣ ва устувории рукнҳои давлатдории навини тоҷик
ҷаҳду талош меварзиданд то ки давлатамон мисли дигар давлатҳои тараққикардаи дунё
рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Ҷавонон дар ҳама марҳалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ нерӯи созанда
ва ҳамчун қудрати тавоно дар ҷомеа мавқеи хосаро касб намудаанд.
Пас аз сари қудрат омадани
роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наврасону ҷавонон
ва дигар табақаҳои ҷомеа ҳамаи шароитҳои замони муосир, бахусус беҳдошти вазъи таълиму
тарбия, хонондан ва соҳибкасб кардани ҷавонон, ҳамчунин бо ҷойи корӣ таъмин
намудани онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муҳайё гардиданд.
Ҷавонони мо имрӯзҳо дар
сар то сари кишварҳои ҷаҳон зисту зиндагонӣ ва таҳсили илму кору фаъолият карда
истодаанд. Тоҷикистони тозаистиқлоли мо кишвари ҷавон ва дорои ҷавонони боору номусу
ватандӯсту ватанпарвар мебошад, ки 65% аҳолии онро ҷавонони то синни 30- сола
ташкил медиҳад. Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати
давлатии ҷавонон" аз 13.03.1992 ҷавонони мо қадамҳои нахустини худро дар роҳи
сиёсати давлатӣ ва ташаккули давлатдории навин ниҳода дар баробари дигар ашхоси
ҷомеа ба халқу ватан хизматҳои шоён намуда истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
аз давраҳои сари қудрат омадан то ба ҳол ба ҷавонони кишвар хоса ба ҷавонони дорои
касбу кори гуногун аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, бори нахуст мулоқоти судманди
худро дар овони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 2.02.1993
доир намудаанд. Аз он солҳои фаромушнашуданӣ то ба имрӯз Сарвари давлат бо ҷавонон
суҳбату мулоқотҳо доир намуда, дар маърузаву муколамаҳои худ масъалаи ҷалби ҷавононро
ба фаъолнокӣ, раҳнамоӣ, ояндасозӣ ва бунёд намудани давлати ояндаи худ даъват ба
амал оварда истодаанд.
Ин ҳама ободкорию пешрафти
ҷавононро роҳбари давлати мо ба инобат гирифта, соли 2017 – ро ҳамчун "Соли
ҷавонон" эълон доштанд, ки дар ин соли хотирмон ҷавонони кишвар тавонистанд
ба дастовардҳои зиёду арзанда мушарраф бигардад. Боиси ифтихор ва сарфарозии зиёд
аст, ки ҳар сол дар сар то сари мамлакат 23 -юми май ҳамчун "Рӯзи ҷавонон"
таҷлил карда мешавад.
Умуман бояд гуфт, ки ҷавонон
ояндаи давлату миллат ва пешбарандаи имрӯзу фардои миллати куҳанбунёди хеш ба шумор
мераванд.
Барои ба таҳсилоти олии
касбӣ фаро гирифтани ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат Роҳбарияти
олии кишвар ҷавондухтаронро аз мадди назари
худ дур насохта, аз соли 1997 то инҷониб барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳоти
дурдасти кишвар квотаҳои президентӣ муқаррар намудаанд, то ки ҷавонони мо ба донишкадаву
донишгоҳҳои мамлакат ҳуҷҷат супурда ба таври ройгон таҳсили илм намоянд ва баҳри
беҳбудию дигаргунии рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи кишвар хизматҳои шоиста бинмоянд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳар
сол зиёда аз 5000 хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ барои таҳсилоти олии
касбӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар карда мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
сол аз сол барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон бо баланд бардоштани стипендияҳо ва
маошҳои касбии ҷавонон ин иқдоми накуро густариш дода истодааст. Боиси шодию
фараҳ аст, ки имрӯзҳо номбардорон ва парчамбардорону муаррифгарони ҷавони давлати
мо обруву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ бо маҳорату матонату малакаи касбии
хеш баданд бардошта истодаанд ва Тоҷикистони мо бо Пешвои ташаббускору хирадманд
ва бо ҷавонони оқилу донои хеш дар ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳе касб намудааст.
Мебояд гуфт, ки нақши ҷавонони
тавонои мо дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ бузург буда, насли ҷавони мо ҳамчун
давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои имрузаву ояндаи кишвар имрӯзҳо бо як маҳорату
матонат ва бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии
халқи мамлакат талош варзида истодаанд, то ки ба дастовардҳои назаррасе ноил бигарданд.
Хоса мо ҷавонони даврони
соҳибистиқлолии Ватан шукронаи сулҳу субот оромиву осоиштагӣ намуда, донишу малака
ва маҳорату матонати касбии худро баҳри беҳбудию рӯзафзунии Ватани биҳиштосоямон
равона намуда, кишвари куҳанбунёдамонро бо дасту дили гарм ва бо сарҷамъию муттаҳидӣ
ободу зебо намуда, ба насли навраси имрӯзаи кишвар ба мерос хоҳем гузошт.
Мо ҷавонон дар кадом гӯшаю
канори олам, ки набошем бояд дар фикри ободию озодию рушду тараққиёти ватанамон
бошем, зеро обод намудани давлату
миллат вазифаи ҳар як шаҳрванд бахусус ҷавонони барӯманди диёр мебошад.
Ҷураев. А., мудири бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар
н.Айнӣ