Мулоқоти Абдуҷаббор Азизӣ бо Артём Туров
2022-06-08
Дар доираи ҳамкориҳо
миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии «Единая
Россия» муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо муовини раиси
кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия оид ба ИДМ,
ҳамгироии авруосиёӣ ва иртибот бо ҳамватанон, узви шӯрои генералии ҳизби
«Единая Россия» Артём Туров мулоқот намуд.
Дар ҷараёни
вохӯрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Федератсияи
Россия баҳои муносиб дода шуд. Иброз гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм,
маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбанд. Тарғиби
фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар
муносибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд.
Ёдовар
мешавем, ки байни ду ҳизби сиёсӣ созишномаи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017
амал мекунад. Сатҳи муносибатҳои байниҳизбӣ мусбат арзёбӣ шуда, идома ёфтани
муколамаи байниҳизбӣ ба манфиати кор дониста мешавад.
-
ҲХДТ аз оғози ташаккулёбии худ ҳадафи асосию стратегӣ – эъмори давлати
демократии дунявиро дар асоси бунёди давлати арзанда ва сатҳи зиндагии шоиста
ба аҳолӣ эълон намудааст, - гуфт А.Азизӣ. - Барои амалӣ намудани ин вазифаи
афзалиятнок ҳизб таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон роҳи устувореро пеш гирифта, ба рушди устувори иқтисодӣ,
истиқлоли энергетикӣ ва озуқаворӣ, устувории демократия, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ
ва дунявӣ талош мекунад ва дар доираи барномаи худ фаъолияти рӯзмарраро ба роҳ
мондааст.
Сиёсати
ҲХДТ дар самти сиёсати хориҷӣ ба зарурати мусоидат ҷиҳати ташаккули системаи
муассири ҳамкориҳои байнидавлатӣ барои таъмини суботи минтақавӣ ва ҳамкории
устувори иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст.
Идома
додани ҳамкориҳо дар доираи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
ва Фраксияи «Единая Россия» дар Думаи давлатии Маҷлиси Федеролӣ ба
манфиат эътироф гардид.
Дар
заминаи мулоқоти мазкур дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва тақвият бахшидани онҳо
дар заминаи ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ
қарор гирифтанд.
Пешниҳод
гардид, ки байни ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии «Молодая Гвардия Единой
России» ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шартномаи ҳамкорӣ ба
тасвиб расида, нақшаи кории он низ мураттаб гардад.
Ба
фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри
Москваи Федератсияи Россия низ баҳои муносиб дода шуда, тақвият ёфтани кори он
тибқи талаботи рӯз ба манфиат дониста шуд.
Дар
мулоқот, инчунин роҳбари лоиҳаҳои Раёсати муносибатҳои байналхалқии кумитаи
иҷроияи марказии ҳизби «Единая Россия» Николай Журавлёв низ ҳузур дошта, роҷеъ
ба самтҳои авлавиятноки лоиҳаҳои ҳизбӣ маълумот дод.
Дар
рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои
муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуданд.
Мулоқот
дар руҳияи ҳасана ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷамъбаст гардид.