Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор”
2022-06-07
Маҷлиси
ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор”-и Сарредаксияи илмии
Энсклопедияи миллии тоҷик бо иштироки мудири бахши омор ва махзани ягонаи
электронии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Салим Сайвализода баргузор гардид.
Сараввал,
ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” Н. Амиршоҳӣ оид ба фаъолияти
ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо
барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Қайд
гардид, ки саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” дар таблиғу ташвиқи
Барномаҳои ҲХДТ назаррас буда, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ
“Донишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” руйи чоп омад. Дар китоби пурарзиш таъриху
фарҳанг, мавқеи ҷуғрофӣ ва расму оини миллати тоҷик инъикос гардидааст.
Тибқи
муқаррарот, раиси ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” бо тарафдории аксарияти аъзои
ҳизб аз нав интихоб карда шуд.
Дар
идомаи маҷлис мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Салим Сайвализода баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва
масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб, нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар
рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати
мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Зикр
шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои
хастанопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
тавъам аст.