Вазифаи мо накӯкорӣ аст

2022-06-03

Кишвари мо дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар карда, мардум аз ҳадафҳои ғаразноки пасипардагии хоинони миллат воқиф аст. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум боркардаи равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем. 

Зери сиёсати хирадманданаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кӯтоҳ дар мамлакати азизамон Ваҳдати миллӣ пойдор шуд. 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. 

Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи  муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз онро чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. 

Мутаассифона, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ баъзе аз шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон шомилшуда таҳти сарпарастии ТЭТ ҲНИ амалиётҳои ҷангӣ  эҷод карда истодаанд.

Мардум бояд огоҳ бошанд, ки ин гуна ҷинояткорон аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда, мехоҳанд нақшаҳо ва амалҳои нопоки худро дар Тоҷикистони азизи мо амалӣ созанд. Сад дареғ, ки имрӯз чанд нафар роҳгум барои манфиатҳои шахсии хеш сабабгори марги чандин нафарони бегуноҳ мегарданд.  Онҳо беору беномус,  беватану бемиллатанд. 

Аз ин лиҳоз, ба тамоми сокинони кишвар, хоса ҷавонони Бадахшон муроҷиат менамоям: бояд муттаҳид ва якдил бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ватани худро аз дасти хоинон эмин нигаҳ дорем. Ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки  мо барои ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он,  адои хизмати падару модар, тарбияи фарзандон ва тарғиби некиву накӯкорӣ вазифадорем.

Дониёр Ахмедов, 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов