Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини ҶДММ «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

2022-02-08

     

8 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

    Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанин бо мақсади тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз бунёди корхонаи нави саноатӣ истифодаи босамари имконияти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад. Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд карда шудааст. Бинои истеҳсолии корхона барҳаво буда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо таъсиси ин корхона дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, онро мутахассисони ҷавони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.

Маҳсулоти хом ба корхона аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, раванди коркарди металл тавассути се хати муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаи навбунёд асосан 28 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла профил ва қубурҳои оҳанин бо шаклу андозаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегарданд.

    Бояд гуфт, ки профилҳои оҳанин аз 2 ба 2 то 10 ба 10 сантиметр бо дарозии 6 метр ва қубурҳои оҳанин бо қутрҳои аз 15 то 150 ва бо дарозии 11 метру 75 сантиметр истеҳсол карда мешаванд, ки истифодаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истеҳсоли босифати профил ва қубурҳои оҳанин, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат талабот ба он зиёд аст, вазифадор карданд.