Курси бозомӯзии ҳизбӣ: самтҳо ва уфуқҳои нав дар фаъолияти ҲХДТ
2022-05-31
Тавре хонандагони муҳтарам
огоҳӣ доранд, бо мақсади тақвият
бахшидани фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,
кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд
бардоштани дониши сиёсии раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва
ташкилотҳои ибтидоӣ дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 20 май дар шаҳри Панҷакенти
вилояти Суғд курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни курси
бозомӯзӣ маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ баррасӣ гардида, табодули таҷрибаи пешқадам,
баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок сурат
гирифт ва мизҳои мудаввару суҳбатҳои гуногуни мавзӯӣ доир шуданд.
Иштирокчиёни курс аз
ёдгориҳои таърихӣ, хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии
«Саразм», қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи
маъюбону пиронсолон, ҷамоатҳои деҳот ва ташкилотҳои намунавии
ибтидоии ҳизбӣ дидан карда, бо
сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент вохӯрӣ
намуданд.
Нахуст,
иштирокчиёни курси бозомӯзӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони
рамзҳои давлатдорӣ - Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид
карда, дар пояи ҳайкали Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ гулчанбар
гузошта, акси хотиравӣ гирифтанд.
Баъд
аз истиқбол дар деҳаи “Рукнобод”-и ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент
ҳайати иштирокчиён бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз
Муассисаи давлатии “Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд”, осорхона
ва оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, султони
шоирони Аҷам, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан
намуданд.
Сипас,
дар арафаи рӯзи мавлуди шоири тавонои тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ иштирокчиён аз хона-музей
ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар деҳаи “Мазори Шариф” боздид
карда, маҳфили гарми шеърхонӣ ташкил намуданд.
Ҳайати
ҳизбиён бо ҳамроҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои
рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э.Насриддинзода ва дигар меҳмонон аз шаҳраки
бостонии Саразм дидан намуданд. Ин шаҳри бостонӣ бо заҳматҳои бевоситаи Пешвои
муаззами миллат соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият
ворид гардида, боиси ифтихору сарфарозии аҳли ҷомеаи кишвар шудааст. Тамошои
мавзеъҳои таърихии ин ёдгории куҳани миллати тоҷик, ки таърихи беш аз 5500-сола
дорад, барои ҳамагон таассуроти бою ғанӣ бахшид.
Рӯзи
16 май дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи
ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, гуруҳи кадрҳои захиравӣ ва намояндагони ТҶҶ
«Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ ба кори худ шуруъ намуд. Дар ҷаласаи
ифтитоҳӣ маърӯзаҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва
роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои муайянгардидаи он», Ёрдамчии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои
иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ», раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илми
филология Рӯдоба Мустаҷобова дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва
ризоияти ҷомеа дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон» ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, доктори илҳои фалсафа, профессор Нуриддин Саид дар мавзӯи «Рушду
нумӯи воситаҳои амнияти иттилоотӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ» шунида шуда,
иштирокчиён вобаста ба маърӯзаҳои баёнгардида саволу ҷавоб карданд.
Дар
рӯзҳои минбаъдаи курси бозомӯзӣ маърӯзаҳои муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ
вобаста ба тадбирҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар
ҷомеа, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва
сардори Сарраёсати макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Сӯҳроб
Қудратов оид ба вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушду тавсеаи
он, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Мушкилоти фаҳми
дин ва маҳзаб дар давлати миллӣ: роҳҳои ҳалли қазия», муовини Раиси ҲХДТ Асрор
Латифзода дар мавзӯи «Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ-сарчашмаи муҳимми фаъолияти
ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо», раиси КИ ҲХДТ дар вилояти
Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»
Оятулло Аҳмадзода дар мавзӯи «Нақши ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолияти
ҳаракати волонтёрӣ дар татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ», роҳбари Маркази матбуот ва
таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, номзади илми филология, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён
дар мавзӯи «Инъикоси фаъолият ва ташаббусҳои ҳизбӣ дар ВЭА», раиси Комиссияи
марказии тафтишотии ҲХДТ, номзади илми иқтисод Дилмурод Давлатзода дар мавзӯи
«Танзим ва назорати молиявии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ – асоси пешрафти фаъолияти
ҳизбӣ» шунида шуданд
Ҳамзамон,
иштирокчиёни курс аз Отряди сарҳадии Панҷакент (қисми низомии 0203-и Қӯшунҳои
сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ва қисми низомии 05170-и Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо
сарбозоне, ки аз навоҳии гуногуни мамлакат дар ин қисмҳои низомӣ хизмат
менамоянд, мулоқот карда, Номаи сипоси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва туҳфаҳои инфиродиро
ба аскарон расониданд. Аснои боздид маълум гардид, ки барои хизмат имрӯз тамоми
имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон бояд бо дасту дили гарм ва
нияти пок дар ҳифи Ватани хеш омода бошанд. Барои таъмини шароити арзанда ва
таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ҳайати шахсӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ,
Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Дар
охир, ба ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ аз номи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ва 2 адад телевизор тақдим гардид.
Дар
ҳошияи истиқболи 30-солагии Иҷлосияи VXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026
ҳамчун «Солҳои рушди саноат» бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент «Маркази ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳ
гардида, 14 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ аз номи Раиси муаззами Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент тақдим гардид. Дар Марказ
занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ,
гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву
мардонаро аз худ намоянд. Мавриди тазаккури хос аст, ки чунин марказҳо аз
ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯшониён, Нуробод
ва Рӯшон ифтитоҳ гардиданд.
Дар
идомаи баргузории курси бозомӯзӣ иштирокчиён аз Хона-интернати маъюбон ва
пиронсолони шаҳри Панҷакент боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо шароити маишӣ
таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро
намегузоранд ҳаргиз хору зор шаванд ва дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ
ва беҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд. Дар поёни боздид ба ҳамаи бошандагони хонаи
маъюбон ва пиронсолони шаҳри Панҷакент аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ, маводи ғизоӣ (40 халта орд,
40 қуттӣ биринҷ, шакар, мирҷумак, макарон, 200 литр равған) ва 1 адад телевизор
тақдим гардида, суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт.
Дар
ҳошияи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри
Панҷакент миқдори зиёди дорувории «Инвокана», ки барои бемориҳои қанд пешбинӣ
гардидааст, тақдим намуданд.
Дар
доираи баргузории курс иштирокчиён бо роҳбарии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ
Абдуҷаббор, директори корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии
"Тоҷикагролизинг" Юсуф Акрамзода ва Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ
Холиқзода бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти “Саразм”, “Лоиқ Шералӣ”, хоҷагиҳои
деҳқонии “Сироҷ-деҳқон”, "Меҳнатобод" ва "Сӯфиён"-и ҷамоати
деҳоти "Халифа Ҳасан" бо табақаҳои гуногун вохӯрда, суҳбатҳои судманд
анҷом доданд. Маълум гардид, ки мардум дар самти истифодаи самараноки заминҳои
корам ва рӯёнидани ду-се ҳосил бо меҳнати аҳлона ва заҳмати писандида барои
беҳбуд бахшидани зиндагӣ талош доранд ва ҳолати имрӯзаи корҳо аз ҳосили хуби
мева, полезӣ, ғалладона ва картошка шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, масъалаҳои вазъи
имрӯзаи ҷаҳонӣ, тарбияи фарзандон, сафарбарӣ ва сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, равнақи
ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ ба онҳо фаҳмонида шуд.
Яке
аз иқдомҳои хотирмон ва шоистаи курси мазкур сафари ҳизбиён ба шаҳри қадимаи Самарқанд
буд. Бо мақсади боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ шунавандагони курси
бозомӯзӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ аз шаҳри қадимаи
Самарқанд боздид намуданд. Имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт бо ибтикороти шоистаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомуваффақият инкишоф
меёбанд ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо Ӯзбекистон қадр
мекунад. Тамошои ин шаҳри қадима, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи
хоса дорад, барои шунавандагони курс руҳу илҳоми хоса бахшид. Аснои сафар аз
Хона-музейи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ боздид сурат гирифта,
ҳамчун рамзи дӯстӣ ба Осорхона армуғони миллӣ тақдим гардид. Шунавандагони курс
аз машҳуртарин обидаҳои шаҳри Самарқанд – масҷид ва мақбараи “Бибихонум”,
масҷиди “Ҳазрати Хизр”, маҷмааи таърихӣ ёдгории асрҳои миёна «Шоҳи зинда», майдон
ва ансамбли ёдгории “Регистон” ва куҳнатарин бозори «Сиёб»-ро тамошо карданд.
Дар
рӯзи хотимавии баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ
Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор вобаста ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти ҳизбӣ натиҷагирӣ
сурат гирифта, вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар
охир, мубодилаи озоди афкори иштирокчиёни курс доир шуда, ба Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз номи роҳбарияти ҳизб туҳфаи хотиравӣ
тақдим гардид. Ба ҳамаи шунавандагон сертификати махсус оид ба хатми
курс дода шуд.
Бо ҳамин, курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар фаъолияти онҳо самтҳо ва уфуқҳои навро боз намуд, ҷамъбаст гардид.