ТАВЗЕҲОТ оид ба гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ

2022-05-27

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти ҳизб, шурӯъ аз 1 июни соли 2022, мутобиқи талаботи банди 4.11 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 9 апрели соли 2022, №4 маъракаи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз мегардад.

Бинобар ин, ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро тибқи нақшаи тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ баргузор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ баррасии масъалаҳои зерин ҳатмист.

Аз ҷумла;

- ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда; 

- тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- масъалаҳои ташкилӣ.

Ҳамзамон дар ин замина, конференсияҳои ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин баргузор карда шавад;

Аз ҷумла;

-ҳисоботи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;  

- ҳисоботи комиссияҳои тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022;

-гузориши роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;

- интихоби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;

- интихоби аъзои комиссияҳои тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;

- интихоби сармуҳаррири ҳафтаномаҳои ҳизбӣ (он вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки ҳафтаномаҳои ҳизбӣ доранд).

- интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- масъалаҳои ҷорӣ. (қабул ба сафи ҳизб, қадрдони намудан бо Ифтихорнома ва Сипоснома)   

Инчунин баъди анҷоми конференсияҳо маҷлисҳои кумитаи иҷроия баргузор карда шуда, аъзои раёсат ва раиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар мувофиқа бо Дастгоҳи КИМ аз нав интихоб карда шаванд.

Ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур дар ВАО-и ҳизб ва сомонаи ҲХДТ ба таври васеъ иникос карда шавад.

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ