Мизи мудаввар доир ба тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ

2022-05-07

Барои шунавандагони курси бозомӯзӣ дар мавзӯи «Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ – сарчашмаи муҳимми фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо» мизи мудаввар гузаронида шуд, ки онро муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳабибзода Зоҳир Иззат доир намуданд.

Мавзӯи мизи мудаввар ду самти муҳимми фаъолияти ҳизбиро фарогир буд: 1) Заминаҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба танзим медароранд; Оинномаи ҲХДТ; 2) Ташкилоти ибтидоӣ – асоси ҲХДТ. 

Муовини Раиси ҳизб Асрор Латифзода зимни баромади худ ба муҳимтарин масъалаҳои мавриди назар таваҷҷуҳ намуда, тақвият ёфтани заминаҳои ҳуқуқиро вобаста ба талаботи рӯз муҳим арзёбӣ намуд. 

Тавре дар Оинномаи ҲХДТ ишора мегардад, ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.

Дар идомаи баромади худ Асрор Латифзода оид ба нақши ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Аз раисони кумитаҳои иҷроия дархост гардид, ки минбаъ беш аз пеш санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбро ба асос ва роҳбарӣ гирифта, баъзе камбудиҳои ҷойдошташро дар самти кор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ислоҳ намоянд.

Иштирокчиён вобаста ба маърӯзаҳои баёнгардида саволу ҷавоб намуданд. Курси омӯзишӣ ҷараён дорад.