Мизи мудаввар оид ба танзим ва назорати молиявии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
2022-05-17
Дар мавзӯи «Танзим ва назорати молиявии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ – асоси пешрафти фаъолияти ҳизбӣ» бо иштироки раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҲХДТ, номзади илми иқтисод Давлатзода Дилмурод Ашурбек ва мудири шуъбаи молиявии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, номзади илми иқтисод Файзизода Мирзоалӣ Сайвалӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои муҳимтарин вобаста ба низоми молиявии ҳизбӣ, аз ҷумла оид ба тартиб додан ва қабул кардани сметаи хароҷот ва даромад, нақшаи кории ҳисобҳо, шаклҳои ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ, таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои ҳисоботи дохилии баҳисобгирӣ (молиявӣ), таъмини тартиби гузаронидани инвентаризатсияи дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ ва гардишӣ, иҷрои сметаи хароҷот, инчунин амалиётҳои молиявӣ ва ҳисоббаробаркунӣ, сари вақт ва дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ, таъмини нигоҳдории онҳо, ба қайд гирифтан ва бо тартиби муқарраршуда супоридан ба бойгонӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раисони кумитаҳои иҷроия дар самти мазкур барои худ тавсияҳои хубро ба роҳбарӣ гирифтанд.