Баррасии мушкили фаҳми дин ва мазҳаб дар давлати миллӣ ва роҳҳои ҳалли қазия
2022-05-17
Дар назди иштирокчиёни курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд идома дорад, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар мавзӯи «Мушкилоти фаҳми дин ва маҳзаб дар давлати миллӣ: роҳҳои ҳалли қазия» бо маърӯза баромад намуд.
Мавсуф аз санадҳои мушаххаси меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва қонунҳои миллии кишвар маълумот дода, бо суҳбати озод ва забони сода моҳияти дин, мазҳаб ва роҳҳои ҳалли баъзе нофаҳмиҳоро дар давлати миллӣ ба риштаи баррасӣ кашид.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ мешавад.
Бо такя ба Консепсияи зикршуда, ишора гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон боис гашт, то шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, рафтуомади озоди шаҳрвандон ба хориҷа, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар, воридшавии таълимоти равияву мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва ғайриисломӣ ба фазои динии кишвар ва теъдоди зиёди адабиёти динӣ аз хориҷ, чопу нашри китобу маводи дигари таблиғи динӣ дар дохил ва ғайра боис гашт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон фазои муайяни динӣ ба вуҷуд ояд.
Воридшавии бенизоми адабиёти динию мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ нигаронии ҷомеа ва мақомоти давлатиро ба вуҷуд овардааст. Дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳворавӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ маҳсуб ёфта, ба муҳити динии мо мутобиқ нестанд, боиси нигаронист. Ҳолати мазкур метавонад сабаби паҳн гаштани таълимоти дорои хусусиёти ифротӣ дар байни наврасону ҷавонон ва барангехтани низоъ ва хусумати динӣ дар ҷомеа гардад.
- Чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани ин фазои ором ва таҳаммулпазир вазифаи имонию виҷдонии мою Шумо-аъзо ва ҷонибдорони ҳизби пешоҳанги ҷомеа маҳсуб меёбад.
ҲХДТ дар доираи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Барои ҳизб амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияю мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта мешаванд.