«Синхуа»: Эксклюзив. Баргузории Олимпиадаи тобистона ва зимистона дар Пекин бозгӯи комёбиҳои назарраси мардуми Чин аст — Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон

2022-02-04


Баргузор шудани бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассирест, ки мардуми Чин то имрӯз ба он ноил гардидаанд, аз чумла комёбиҳои олии варзиши варзишгарони Чин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо ВАО-и чинӣ изҳори назар намуданд, менависад агентии расмии иттилоотии Чин «Синхуа».

«Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистона хоҳанд буд, — тазаккур доданд Президенти Тоҷикистон ва ишора карданд, ки ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ аз нуқтаи назари омода сохтани иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ин мусобиқаи боҳашамати варзишӣ тамоми тадбирҳоро андешидаанд».

«Ман иштироки худро дар маросими ифтитоҳи 29-умин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин дар соли 2008 ва фазои идонаи умумӣ, ки он рӯзҳо Пойтахти олимпиро фаро гирифта буд, бо шавқу завқи хосса ба ёд меорам. Онҳо дар ман таассуроти амиқ гузоштаанд, — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон ва ёдовар шуданд, ки борҳо ба пойтахти Чин сафар кардаанд ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои назарраси симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонбӯси дорои услуби муосири меъморӣ қомат афрохтаанд, ба ваҷд омадаанд».

«Ман хеле шодам, ки бори дигар дар пойтахти зебоманзари Чин бо даъвати дӯсти худ ҷаноби Си Ҷинпин қарор дорам. Байни ман ва дӯстам ҷаноби Си Ҷинпин муносибатҳои дӯстона, самимӣ, ошкоро ва эътимоднок барқарор шудаанд, — зикр карданд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки мо байни ҳам муоширати созанда ва муколамаи мунтазами кориро, ки ба таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Чин равона шудаанд, барпо кардаем. Мо ҳамеша ба таври шаффоф масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, тақвияти пайвастагии нақлиётӣ, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор медиҳем».

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар тӯли се даҳсолаи гузашта, ба шарофати саъй ва талошҳои муштарак муносибатҳои Тоҷикистону Чин бо вусъат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баромадаанд. Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, имрӯз Чин яке аз шарикони пешсафи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷодаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст омаданд. Якчанд лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар чунин соҳаҳои стратегӣ, ба монанди нақлиёт, энергетика ва саноат муштаракан ба татбиқ расидаанд. Сарвари давлат тазаккур доданд, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ҷиҳати бунёди камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим дастгирӣ намуд. Барои ҳамкории зичи кишварҳои мо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дурнамои васеъ вуҷуд дорад.

«Тоҷикистон азми қатъӣ дорад, ки дар даҳсолаи чоруми фарорасидаи муносиботи байнидавлатӣ шарикии стратегии ҳамаҷонибаро бо Чин густариш бахшида, онро бо муҳтавои нав ва корҳои назарраси амалӣ дар ростои манфиатҳои мардумонамон ғанӣ гардонад», — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

«Дар интиҳо, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати иди зебои Баҳор, Соли нави анъанавии чинӣ табрик намуда, ба мардуми дӯсти Чин некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда, ба Пекин ҷиҳати доир намудани Бозиҳои олимпии зимистона муваффақияти беназир орзу намоям», — зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.