Дар Агентии содирот бо мақсади муаррифии обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан ҷаласаи корӣ доир шуд
2022-02-03
2
феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
роҳбарони корхонаҳои
истеҳсолкунанда ва содироткунандаи обҳои
нӯшокӣ ва ташнагишикан дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.
Дар
ҷаласа масоили тақвият
бахшидани корҳо дар
самти муаррифии обҳои
нӯшокӣ ва ташнагишикан, сифати он дар бозорҳои
хориҷӣ, банду баст намудани он, дарёфти бозорҳои
содиротӣ, иҷрои
нақшаи
истеҳсол
ва афзун намудани содироти обҳои
нӯшокӣ ва ташнагишикан баррасӣ гардид.
Директори Агентӣ Шавкат Бобозода ба воҳидҳои
сохтории Агентӣ супориш дод, ки ҷиҳати
дар оянда баланд бардоштани иқтидорҳои
содиротии обҳои
нӯшокӣ ва ташнагишикан ва муаррифӣ намудани онҳо тадбирҳои
зарурӣ андешанд.
Дар хатми ҷаласа
аз ҷониби роҳбарони
корхонаҳои
марбута пешниҳодҳо оид
ба пешбурди фаъолият дар ин самт ва дастгирӣ намудани корхонаҳои
истеҳсолкунанда
ироа шуданд.