Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ - интихоботӣ дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
2024-10-03
Дар асоси қарори
маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз 26 июли соли 2024 имрӯз
конференсияи XXVIII ҳисоботӣ
- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви КИМ ҲХДТ, академик
Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов раиси
шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ширкат варзиданд.
Дар конференсия ҳамчунин
аъзои раёсати кумитаи иҷроия, раисони
КИИҲ, ТИҲ, собиқадорони ҳизб, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", вакилони
маҷлиси вакилони халқи
вилоят ва шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма, ки даъват шуда буданд,
иштирок доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар
шаҳри Панҷакент Муродзода Мастона конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва
вакилони конференсияро хайрамақдам гуфт.
Кори конференсия пас
аз садо додани Суруди миллӣ ҷараён ёфт.
Рӯзномаи конференсия
аз масъалаҳои зер иборат буд:
1. Ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи
ҳисоботӣ.
2.
Ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба
фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ.
3.
Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.
4. Интихоби раиси КИ
ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.
5. Интихоби аъзои
комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.
6.
Интихоби сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбии "Мароми халқ".
7. Интихоби вакилон ба
конференсияи 16 - уми ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.
8.
Масъалаҳои ҷорӣ.
Тибқи
талабот ҳисоботи комиссияи мандатӣ шунида шуд.
Аз
рӯй масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Муродзода Мастона суханронӣ кард.
Зимнан
таъкид гардид, ки конференсияи XXVIII ҳисоботӣ - интихоботии кумитаи иҷроия дар
арафаи таҷлили 30 - юмин солгарди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 -
солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ҷиҳати сазовор
истиқбол гирифтани 30 - солагии ҲХДТ багузор мегардад.
Дар
ҳисобот муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи
ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Гузашта
аз ин, дар ҳисобот доир ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,
шуъбаҳои кумитаи иҷроия, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар самти амалӣ
кардани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ, қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14
ҲХДТ, дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни паёмҳо ба Маҷлиси Олии кишвар
ва суханрониҳояшон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолии кишвар баён гардидаанд,
ҳамзамон оид ба рафти амалишавии қонуну стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.
Зимни
ҳисобот зикр гардид, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатии шаҳр корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар самти беҳтар намудани корҳои
таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ,
худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба
ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои
коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон,
худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи
кишвар, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи
ҳамида дар ҷомеа судманд ба роҳ монда, дар ин доира конференсияҳо, мизҳои
мудаввар, хонишҳои сиёсӣ ва силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони
қишрҳои гуногуни ҷомеа ташкил ва гузаронидааст.
Гузашта
аз ин, хотирнишон карда шуд, ки дар фаъолияти амалии Кумитаи иҷроия ва
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъалаҳои баланд бардоштани тафаккури сиёсии
шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили
нуктаҳои паём, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои
кор дар замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ, фаҳмонидани маънии аслии дин,
пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб,
ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани
маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои
таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну
маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони
хонашин, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ҷойгоҳи хоса доранд.
Пас
аз шунидани ҳисобот муовини раиси КИИҲ "КМ Зарафшон" Юсупов Шералӣ,
раиси ТИҲ "Ворисони сино" Сафаров Маҳмадмурод ва вакили маҷлиси шаҳрӣ
Шарифова Гулпарӣ ба музокира баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро
дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Раиси
Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви КИМ ҲХДТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ
Холиқзода перомуни ғояҳои олии созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, саҳми арзандаи
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар таҳкими пояҳои устувори давлатдории миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа,
якпорчагии марзу буми кишвар, иттиҳоду ягонагии халқҳои Тоҷикистон, ваҳдати
миллӣ, пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани
Тоҷикистон, истиқлолу озодии аҳолии кишвар, таъмини амнияти давлату сокинон дар
кишвар, рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии мардум, рушду нумӯи
иқтисодиёт ва соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ҳадафҳои стратегии кишвар, мақом ва
ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон
андешаҳои худро баён доштанд ва даъват ба амал оварданд, ки бояд ҳизбиён дар
даврони мураккабшавии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву
ташвиқотиро дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтироми арзишҳои
давлативу миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, истодагарӣ карда тавонистан
алайҳи хатарҳои экстремистию террористӣ вусъат бахшанд.
Вобаста
ба масъалаи 3 - юми рӯзномаи конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Панҷакент интихоб карда шуданд.
Аз
рӯйи масъалаи 4 - уми рӯзномаи конференсия "Интихоби раиси КИ ҲХДТ дар
шаҳри Панҷакент" раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви КИМ ҲХДТ, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ
ва номзадии Муродзода Мастонаро ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
пешниҳод кард. Вакилони конференсия таклифи мазкурро якдилона ҷонибдорӣ
карданд. Муродзода Мастона дар асоси қарори конференсия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри
Панҷакент интихоб гардид.
Вобаста
ба масъалаҳои 5, 6 ва 7 - уми конференсия аъзои комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ
дар шаҳри Панҷакент, Фаромӯз Дарвешов ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбии
"Мароми халқ" интихоб ва вакилон ба конференсияи 16 - уми ҳисоботӣ -
интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ карда шуданд.
Дар
ҷараёни кори конференсия ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда ҳаллу фасл ва
қарорҳои дахлдор қабул гардиданд..
Дар
фарҷоми кори конференсия ба 10 нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба фаъолону
собиқадорони ҳизб сипосномаи КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар
шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.