ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РУЗӢ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2024-10-02
1
октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба
ифтихори Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши
тантанавӣ баргузор гардид.
Дар
ҳамоиш Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили
Сомонӣ, Аҳмадзода Зулфия, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо
ҷомеаи академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Амирбекзода Назира - директори
“Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кучарзода Ҳусния - мудири шуъбаи
маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маҳмудов Давлатшоҳ - омӯзгори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорону сабиқадорони соҳаи
маориф иштирок намуданд.
Нахуст,
Қурбонзода Убайдулло сухани ифтитоҳӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба ифтихори
ду ҷашни муҳим ва боарзиш Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон шодбош намуд. Мавсуф зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати
маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаю самарабахши Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам
Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифи мамлакат ба дастоварду пешравиҳои назаррас ноил
гардида истодааст.
Сипас
Амирбекзода Назира - директори “Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ
Раҳмон” аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
баромади худ иброз дошт, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои
мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи
Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ
дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад. То имрӯз бо мақсади ба танзим
даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ
шуда истодаанд.
Дар
идома Сатторова Гулру собиқадори соҳаи маориф суханронӣ намуда, ҷиҳати таваҷҷуҳ
нисбати кормандони соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон
Маҳмудов Давлатшоҳ - омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ вобаста ба таърих ва бақодории забони давлатии халқи тоҷик
ибрози назар намуд.
Дар
анҷом ба омӯзгорону сабиқадорони соҳаи маориф тӯҳфаҳои омоданамудани Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.