ИДОМАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!» ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

2024-10-02

Дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!», ки бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад бо пайравӣ аз иқдомҳои инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон санаи 27 сентябри соли 2024 дар муассисаи давлатии Мактаби Прездентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ба 50 нафар толибилмони мактаб интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон либоси мактабӣ тақдим карда шуд.  

Ёдовар мешавем, ки дар иқдоми мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, собиқадори ҳизбӣ Назира Ғаффорӣ, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар охир кӯдакон минатдории хешро ба Роҳбари Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳор намуданд.