Конференсияи XXVII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор шуд
2024-10-01
Дар толори МДТ
"Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Бӯстон
конференсияи XXVII ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндаи Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси шаҳри Бӯстон
Нигорахон Ғаффорзода, собиқадори ҳизбӣ - давлатӣ Назира Ғаффорӣ баргузор
гардид.
Нахуст ҳайати раёсати
кори конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ
пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардиданд.
Рӯзномаи
маҷлис:
-
дар конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон оид ба фаъолияти
ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024;
-
ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон оид ба
фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ;
-
масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон;
-
интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон;
-
интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон;
-
интихоби сармуҳаррири нашрияи «Садоқат» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Бӯстон;
-
интихоби вакилон ба конференсияи 16 - уми ҳисоботӣ - интихоботии ҲХДТ дар
вилояти Суғд;
-
масъалаҳои ҷорӣ.
Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар оид ба фаъолияти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024
ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дода, қайд кард,
ки дар давраи ҳисоботӣ мо масъулини кумитаи иҷроияи шаҳрӣ кӯшиш намудем, ки
тибқи дастуру вазифагузориҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ,
масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав ва
қабули босифати узвият ба аъзогии ҲХДТ баланд бардошта шавад. Дар ин давра
ҷиҳати зиёд намудани сафи ҳизб чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Бояд
зикр намуд, ки баҳри қабули босифати аъзо дар давраи ҳисоботӣ тамоми ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ бахусус, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи шаҳрӣ”, “Шифо”,
“Маорифпарвар”, “Маърифат”, “Саноатчиён”, “Борбад”, “Наврӯз” ва “Бӯстон” саҳми
арзандаи хешро баҳри пешбурди фаъолияти ҳизбӣ гузоштанд.
Таъсиси
ташкилоти ибтидоӣ ва муттаҳид кардани аъзоёни ҳизб дар ҷойҳои кор ва маҳалли
зисти аҳолӣ дар ин марҳила дар маркази таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб
мавриди амал қарор дода шуда, дар ин муддат (яъне ба ҳолати 1 сентябри соли
2024) 56 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуданд.
Баъд
аз шунидани ҳисобот вакилони конференсия Зубайдуллозода Ибодулло, мудири шуъбаи
маорифи шаҳри Бӯстон, Содиқов Орифҷон -раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати
шаҳри Бӯстон, Рустамзода Замира - директори МДТ "Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат" дар шаҳри Бӯстон, Баҳодуров Кароматулло - собиқадори
ҳизбӣ ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстонро
қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ зикр
дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ,
созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа буда, дар тӯли 30 соли фаъолият баҳри
рушди давлат ва мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, баланд бардоштани сатҳи
некӯаҳволии мардум саҳми боризе гузоштааст.
Мақсаду
маром, ҷавҳари аслии фаъолияти ҳизби мазкур аз хизмат кардан ба нафъи халқу
Ватан иборат мебошад ва ба ин маънӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан
ва табиатан ҳам ҳизби мардумӣ, демократӣ аст ва ғояҳои он маҳсули тафаккуру
эҷоди халқи фарҳангофар, тамаддунсозӣ мо мебошад.
Намояндаи
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода баромад намуда, иброз намуд,
ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ки Роҳбарии онро, Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш доранд, ҳизбест, ки ҷомеаро ба ҳам муттаҳид
мекунад, дар як манзар ҷой медиҳад. Ин аст асолати ҳизби созандаи мо ки бо
сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ба рушду нумуъи комил расидааст. Пас моро
мебояд ки пайрави ин ҳизби созанда бошему, ба Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои
миллат содиқ бошем, давлати осудаю ободи худро боз ҳам шукуфон намоем.
Раиси
шаҳри Бӯстон Ғаффорзода Нигорахон баромада намуда, фаъолияти Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстонро хуб арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми
мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ,
фароҳам овардани имкониятҳо и баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси
баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст,
пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти ҳизб рушди Тоҷикистони
соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот
мебошад.
Сипас,
ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи ҳисоботӣ шунида
шуд.
Дар
идомаи кори конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
иборат аз 41 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 3 нафар ва вакилон ба
конференсияи вилоятӣ иборат аз 19 нафар интихоб шуданд.
Мутобиқи
боби 4,19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 19 - и Низомнома
“Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”
Ҷалолзода Миршакар аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон интихоб
гардид.
Дар
охир якчанд нафар фаъолонаи ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ,
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон ботантана қадршиносӣ
гардида, ба 6 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.