КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-09-27
Дар толори Муассисаи
давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» конференсияи
ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор
гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри
Душанбе - Гуреззода Умед, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон -
Хушвахтзода Қобилҷон, вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Содиқӣ Насиба, сардори Саридораи бойгонии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Лангарӣ Ҷамила, Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон - Мирзозода Хурсандмурод, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, директори
МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол Рустамзода Хуршед ва дигарон иштирок намуданд.
Дар кори конференсия
масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ
қарор дода шуд:
-
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб аз моҳи июли соли 2022
то моҳи сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
-
ҳисоботи комиссияи
тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Фирдавсӣ “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии сохторҳои ноҳиявии ҳизб
аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024»;
-
интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ;
-
интихоби аъзои комиссияи
тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ;
-
интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри
Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Абдураҳим Шоҳиён дар гузориши худ изҳор
дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 44 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода
шуда, дар ин давра 6910 нафар шаҳрвандон дар ноҳия ба сафи ҳизб қабул
гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби вакилони шаҳриву ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти
ибтидоӣ ба 2281 нафар шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Дар идомаи кори
конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз тарафи раиси комиссияи тафтишотӣ Абдурасул
Сатторов шунида шуд.
Вакилони конференсия
ҳайати нави кумитаи иҷроияро иборат
аз 71 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилон ба
конференсияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо иборат аз 71 нафар интихоб намуда,
қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идомаи конференсия
маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи масъалаҳои интихоби
аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:
-
интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ғайра доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Насиба
Содиқӣ дар баромади худ иброз дошт, ки «ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва
таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир,
яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат
гирифтани рақобат ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири
равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти
торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз
ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар,
бахусус аъзои ҲХДТ аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти
кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо
гузорад».
Асрор
Латифзода ҳангоми баромади худ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон нақши муассир
дорад. Он дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши
сазовор мегузорад. Барои ин ҳар узви ҳизб барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ,
вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва
худогоҳӣ саҳми босазо мегузорад.
Дар
фарҷом ба як зумра фаъолои ҳизб ки дар амалигардонии барномаҳои ҲХДТ саҳм
гузоштаанд, бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.