Боздиди хонандагон аз қисми низомӣ
2024-09-27
Санаи 26 сентябри соли
2024 тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба 30
- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи
ҳарбӣ -ватандӯстии ҷавонон, хонандагони синфҳои 11 - и муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №1 - шаҳри Норак барои шиносоӣ аз шароити хизматии сарбозон ба
қисми низомии №051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак буда
сафарбар гардида, бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла синфҳои омӯзишӣ,
хобгоҳ, ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба афсарону сарбозон дар қисми низомӣ ошноӣ
пайдо намуданд.
Чорабинии мазкур бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак роҳандозӣ гардида, дар ин
чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло, мудири
бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ғафурзода Фирдавс ва хонандагони муассисаи
таълимии мазкур иштирок намуданд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки хизмат дар сафи
Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони
мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна
зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Барои насли ҷавон яке аз
муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст.
Маҳз дар ҳамин ҷо
ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан
ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Зимни боздид аз қисми
низомии мазкур, ҷавонон бо шароити хизматии сарбозон шинос гардида аз ҷойи хоб,
китобхона ва ошхонаи сарбозон дидан карданд.
Ҷавонон аз ин сафар
таасуроти хеле хуб бардошта ҳисси ватандустӣ дар замири онҳо зиёд гардида шавқу
ҳаваси хизмати ҳарбӣ дар дили онҳо бедор гардид.
Дар
идома, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи
ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон байни сарбозони қисми низомӣ мусобиқаи варзишӣ аз
рӯи намуди шашка ва шоҳмот баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ як қатор
сарбозон, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуданд, бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.