Конференсияи XXXII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
2024-09-27
Дар
толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов конференсияи XXXII ҳисоботӣ -
интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир
Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Дар
кори конференсияи мазкур иштирок доштанд, Исмоилзода Ёқуб Борон - узви Кумитаи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Одиназода Ҳаёт - вакили Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бурҳонзода Муслиҳиддин - мудири
шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Маркази Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Мирзозода Нурулло Абдулҳай -
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Маҳмуродзода Моҳира - директори муасиссаи
таҳсилоти миёнаи умумии №54, собиқадорон, аъзои кумитаи иҷроия ва раёсат,
вакилон, раисон ва муовинони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии
ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пас
аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи
таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба
кори конференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Тибқи
меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии 183 нафар вакил
даъват гардида, дар кори конференсия 176 вакил иштирок намуданд.
Конференсия
тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод:
1.Ҳисоботи
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид
Алии Ҳамадонӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ.
2. Гузориши раиси комиссияи
тафтишотӣ оид ба фаъолияти
молиявӣ.
3. Интихоби аъзои
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ.
4. Интихоби раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
5. Интихоби ҳайати
комиссияи тафтишотӣ.
6. Интихоби вакилон ба
конференсияи 15 - уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми
рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ Кабирзода Ҷомӣ ҳисоботи 2,5 - солаи кумитаро ироа намуданд.
Маълум гардид, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо маќомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони
ҳизб ба дастовардҳои назаррас ноил гардида аст.
Инчунин, роҳбарияти
кумита пайваста талош менамоянд, ки сокинонро ба корҳои ободонии диёри хеш
сафарбар намоянд. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар аксарияти деҳа ва
кӯчаҳои ноҳия бо маром идома дорад. Маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои
ҳизб 306 нафар зиёд гардид. Дар ин муддат 3 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис
дода шуд.
Зимни
музокира, вакилони конференсия Ҳайдарова Гулдаста, Саидов Шамсиддин, Қувватзода
Ҷовид, Сафаров Мансур аз ҷумла собиқадорони Ҳизб Сайдалиев Гадоӣ ва Сайдамир
Вализода ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро
қаноатбахш ҳисобиданд. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30 -
солагии ҲХДТ пешниҳод намуданд.
Сипас,
тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Сафаров Мансур аъзои комиссияи тафтишоти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бораи фаъолияти молиявии кумитаи
иҷроия маълумот дод.
Зимни
баррасии масъалаи сеюм ва панҷум бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иборат аз 31 нафар ва комиссияи
тафтишотӣ бо пешниҳоди Раёсати конференсия иборат аз 7 нафар интихоб карда
шуданд.
Дар
доираи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Кабирзода Ҷомӣ барои аз
нав интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид
Алии Ҳамадонӣ пешниҳод карда шуд. Дар ҳамовозии вакилони конференсия Кабирзода
Ҷомӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ интихоб гардид.
Аз рӯи масъалаи шашуми
рӯзнома вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Сипас раиси ноҳияи Мир
Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам
намуданд. Аз ҷумла изҳор доштанд, ки боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати
сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату
субот умр ба сар мебаранд. Моро лозим аст баҳри пойдории истиқлолу ваҳдат ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб
саҳми худро гузорем.
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳаёт дар баромади хеш қайд намуданд,
ки мо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ 35 -
солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 - солагии қабули
Конститутсия ва 30 - солагии
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор
дорем. Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик ба маънои ҳақиқӣ маънии озодӣ,
ваҳдати миллӣ ва имконияти ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократиро дорад. Ба
воситаи истиқлолият мо тавонистем, ки арзишҳои миллиро эҳё кунем, фарҳанг ва
забони миллии худро рушд диҳем ва як давлати муосир бунёд намоем. Дар охир
барои беҳтару хубтар кардани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома узви Кумитаи
иҷроияи Маркази Исмоилзода Ёқуб ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки воқеан
ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба
ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами
ҳизбамон бо ҷавонон бештар кор кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои
иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву
кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем. Рӯй
кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну
маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи кӯдак” ба ҳисси худшиносии мардум таъсири мусбӣ гузошта, ба
таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат кард.
Сипас, раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед
зимни баромади хеш бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир
Сайид Алии Ҳамадониро қаноатбахш
ҳисобида, барои бартараф кардани камбудиҳо, баҳри боз ҳам густариш додани
корҳои ҳизбӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид ба масъулин пешниҳод намуданд.
Мудири
шуъбаи ҷавонони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Бурҳонзода Муслиҳиддин дар идома ба сухан баромада иброз доштанд, ки
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъоли низоми сиёсии ҷомеа
аз рӯзи нахустин таъсисёбӣ бо дарки масъулияти баланд ва мақсади волои амалӣ
намудани ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар майдони сиёсат қадамҳои устувор ниҳод.
Тӯли 30 - соли фаъолият ҳизб зимни иштироки бевосита дар раванди
инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ тавонист ҳадафҳои барномавиро дар амал
татбиқ намояд.
Дар
охир фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро қаноатбахш арзёбӣ намуда, пешниҳоди аз ҷониби
вакилон ироагардидаро ба инобат гирифтанд.
Инчунин,
барои хизматҳои арзанда дар рушди диёри азизамон, кордониву ташаббускорӣ, дарки
баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар татбиқи
ҳадафҳои барномавии ҳизб як қатор фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ,
дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукот
қадршиносӣ шуданд. Дар ин баробар як қатор занону ҷавонон, ки ба сафи ҳизб тоза
пайвастаанд, дар фазои тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.