ТОҶИКИСТОН БА МАРКАЗИ ҶОЛИБИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД
2024-09-27
Ҳамасола дар зиёда аз
150 мамлакат, аз он ҷумла дар кишвари мо 27-уми сентябр Рўзи ҷаҳонии туризм
таҷлил карда мешавад. Дар ин робита мо бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод мусоҳиб шудем.
-Дар ибтидои суҳбат
мехостам дар бораи таърихи баргузории Рўзи ҷаҳонии туризм каме маълумот диҳед.
-Қариб сад сол пеш,
аниқтараш 27-уми сентябри соли 1925 дар шаҳри Гаагаи Нидерландия Конгресси
байналмилалии ташкилотҳои расмии туристӣ таъсис ёфт, ки баъдан ҳамчун Созмони
ҷаҳонии туристӣ (UNWTO) ном иваз кард. Конгресс на танҳо ба таблиғу рушди сайру
саёҳат машғул буд, балки ҷанбаҳои иқтисодии соҳаи туризмро низ таҳлил ва
баррасӣ менамуд. Соли 1970 дар ҳамин рўз Оинномаи Созмони ҷаҳонии туристӣ қабул
гардид, ки то имрўз амал мекунад.
Дар Ассамблеяи
навбатии Созмони ҷаҳонии туристӣ, ки соли 1979 дар шаҳри Торремолинои Испания
доир гардид, вакилон якдилона дар хусуси 27-уми сентябри ҳар сол таҷлил
намудани Рўзи ҷаҳонии туризм қарор қабул карданд. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз
ҷумла ҷумҳурии мо аз соли 1983 инҷониб таҷлили санаи мазкур ба роҳ монда шуд.
Рўзи ҷаҳонии туризм
ҳар сол зери шиори муайян баргузор мегардад. Чунончӣ, солҳои қаблӣ он зери
шиорҳои «Туризм ва сифати ҳаёт», «Туризм-неруи ҳаётбахш барои сулҳ дар тамоми
ҷаҳон», «Туризм омили таҳаммулпазирӣ ва сулҳ», «Экотуризм - калиди рушди
устувор», «Як миллиард сайёҳ - як миллиард имконот», «Туризми устувор - васила
барои рушд», «Туризм ва рушди деҳот», «Туризм ва маблағгузории сабз» гузашта
буд. Соли равон ҷашни мазкур зери шиори «Туризм ва сулҳ» баргузор хоҳад шуд.
Дарвоқеъ, туризм
қосиди сулҳ буда, яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисодиёт ба шумор
меравад. Ҳиссаи туризм дар иқтисоди ҷаҳонӣ торафт меафзояд. Ҳоло беш аз 10
дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ба соҳаи туризм рост меояд. Соле ба
ҳисоби миёна 1 миллиарду 300 миллион сафарҳои туристӣ сурат мегирад. Соли 2023
даромад аз соҳаи туризм дар ҷаҳон 1 триллиону 500 миллиард долларро ташкил дод.
Имрўз аз даҳ як нафар шахси шуғлдоштаи сайёра маҳз дар соҳаи туризм кор
мекунад. Аз ин рў, Рўзи ҷаҳонии туризмро на танҳо кормандони мақомоти
давлатии соҳаи сайру саёҳат, балки кормандони меҳмонхонаю осоишгоҳ ва осорхонаю
иттифоқҳои касаба низ ҷашн мегиранд.
Бо мақсади рушди
сайёҳии шаҳрӣ, муаррифии иқтидори табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию
солимгардонии кишвар, алалхусус пойтахти он - шаҳри Душанбе, омўзиши таҷрибаи
пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, ташкили бозори сайёҳӣ,
таҳкими ҳамкорӣ, дарёфти шарикони нав ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба
кишвар, инчунин, дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рўзи ҷаҳонии сайёҳӣ
қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 22-юми августи соли
2024, таҳти №581 «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии
Душанбе-2024» (Dushanbe International Tourism Exhibition-2024)» ба тасвиб
расидааст. Дар асоси қарори мазкур Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Кумитаи
тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе
бо ҷалби роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва намояндагони вазорату идораҳои
дахлдори мамлакат тасдиқ карда шуд.
Чорабинии мазкур
рўзҳои 25-27-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии
Душанбе (EXPO) ба нақша гирифта шуда, дар доираи он Форуми байналмилалии
сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад. Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони
сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус, бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики
шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву
тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва
фароғатӣ иштирок хоҳанд кард.
- Фаъолияти Кумита
соли равон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Дар самти ҷалби сайёҳон ба кишвари
офтобии мо чӣ пешравиҳо ба назар мерасанд?
- Кумитаи рушди
сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри татбиқи
сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи
қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси
Олӣ ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва нақшаи кории худ ба роҳ монда,
ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои даври дуюми Стратегияи рушди сайёҳӣ барои
давраи то соли 2030, вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари сармоя ба
соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тақвияти имкониятҳои сайёҳии
кишвар ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида,
дар ҳашт моҳи соли равон дар самти рушди сайёҳӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Айни замон мо тамоми
имкониятҳои худро баҳри иҷрои вазифаҳои марҳалаи дуюми татбиқи Стратегияи рушди
соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026, ки асосан ба самтҳои индустрикунонии
босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими захираҳои кадрии соҳа, муаррифии захираҳои
сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ, дастгирии иттилоотии бахши сайёҳӣ, маркетинг ва
пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ нигаронда шудааст, сафарбар менамоем ва ҷиҳати иҷрои
онҳо корҳои мушаххас анҷом дода истодаем.
Дар ин давра моро
лозим аст, ки барои рушди устувори сайёҳии кишвар заминаи устувор гузорем, то
кишвар ба маркази ҷолиби сайёҳии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва суханрониҳои хеш зимни ҷаласаҳо
ва вохўриҳои гуногун таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунии рушди давлати мо
сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба шумор меравад.
Яъне, рушди соҳаи
сайёҳӣ ҳамчунин, ба сифати яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии
буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла бо ҷалби сармоя дар рушди
иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Дар нимсолаи якуми
соли 2024 воридшавии сайёҳон ба 580
ҳазору 450 нафар расид, ки ин
нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 93 ҳазору 47 нафар сайёҳ ё
19,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ,
дар ин давра ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 129 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта
шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи
сайёҳон Узбекистон бо 422,6 ҳазор нафар (ё 14,8% зиёд), Россия бо 83,7 ҳазор
нафар (ё 30% зиёд), Қазоқистон бо 16,3 ҳазор нафар (ё 11,7% зиёд), Чин бо 5,3
ҳазор нафар (ё 78% зиёд), Афғонистон бо 5,2 ҳазор нафар (ё 2,9 маротиба зиёд)
шомил гардиданд.
Ҳамчунин, афзоиши
сайёҳон аз дигар кишварҳои хориҷи дур низ мушоҳида мешавад, ки ин нишона аз
эътимоди сайёҳони хориҷӣ ва беҳбудии фазои сайёҳии кишвари азизи мо шаҳодат
медиҳад.
Дар баробари ин, бояд
зикр намуд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави рақобатпазирии сайёҳӣ, ки Форуми
ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) барои соли 2024 нашр кардааст, дар байни 119 кишвари
ҷаҳон дар ҷойи 99-ум қарор дорад. Яъне, аз рўйи шохиси рақобатпазирӣ кишвари мо
аз 7 холи имконпазир 3,42 хол гирифт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ (3,40 хол) каме
беҳтар аст. Ин нишондиҳанда хуб аст, аммо ҳанўз кофӣ нест.
-Кумита дар самти
рушди ҳамкориҳои хориҷӣ чӣ тадбирҳо меандешад?
-Масъалаҳои густариши
ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар
раванди ҷалби сайёҳон, ҷалби сармоя ва табодули таҷриба дар рушди сайёҳӣ яке аз
самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, то
имрўз мо бо 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар нимсолаи якуми соли 2024-ум бо
Ҷумҳурии Узбекистон, Италия, Озарбойҷон, Покистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 5
санади ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидем. Илова бар ин, 2 лоиҳаи
созишномаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ бо кишварҳои Туркия ва Гурҷистон барои
имзорасонӣ пурра омода мебошад. Дар баробари ин, лоиҳаи 13 санади ҳамкорӣ бо
кишварҳои хориҷи дуру наздик дар ҷараёни мувофиқасозӣ қарор доранд. Аз ин рў, таъмини иҷрои босифати
талаботи созишномаҳои баимзорасида яке аз вазифаи муҳимми Кумита мебошад, ки
дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳо анҷом дода мешаванд.
-
Яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва ширкат дар
намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Кумита аз ин имкониятҳо чӣ гуна истифода
мебарад?
-
Дар ҳақиқат, яке аз воситаҳои муҳимме, ки раванди рушди босуръати соҳаи
сайёҳиро дар кишвар тақвият мебахшад, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар
сатҳи байналмилалӣ мебошад. Масалан, “Раванди оби Душанбе” дар доираи Конфронси
сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои
2018-2028”, ки аз 10-ум то 13-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор
гардид, ба муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар мусоидат
намуд. Ҳамчунин, сафарҳои расмии сарони кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва имзои
санадҳои ҳамкорӣ ҳатман ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Аз
ин рў, яке аз вазифаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ин иштироки фаъолона дар ташкил ва
баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад.
Бо
ин мақсад соли ҷорӣ доир кардани як қатор ҳамоишҳои байналмилалӣ дар назар
дошта шудааст, ки яке аз онҳо баргузор намудани Форуми муштараки ҷаҳонии
сармоягузорӣ дар самти сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина, Кумита бо Дабири кулли
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Зураб Поликашвили оид ба баргузории Форуми мазкур
рўзҳои 3-4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва иштироки бевоситаи ў дар
Форум ба мувофиқа расид. Мақсад аз баргузории ин Форум ҷалби бештари сармоя ба
рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад.
-Муаррифии
имкониятҳои сайёҳии мамлакат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Масъалаи
муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат бо ҷалби
намояндагони кишварҳои хориҷӣ, бо мақсади муаррифии бештари Тоҷикистон ба
ҷаҳониён ва ҷалби сайёҳон аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Кумита маҳсуб меёбад.
Танҳо
дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи зарфият ва имкониятҳои
сайёҳии кишвар, бахусус, дар самтҳои кўҳнавардӣ, табобатӣ ва экологӣ 27
чорабинии сатҳи гуногун, аз ҷумла, 16 чорабинӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва 11
чорабинӣ дар дохили кишвар баргузор карда шуданд.
Боиси
қаноатмандист, ки мо якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ тавонистем
имкониятҳои сайёҳии кишварро дар форуму намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои
Қатар, Туркия, Эрон, Русия, Ҷумҳурии Корея, Узбекистон, Озорбойҷон, Қазоқистон
ва Япония дар сатҳи баланд бо ҷалби мутахассисони соҳа муаррифӣ намоем.
-
Дар тарғиби сайру саёҳат нақши воситаҳои ахбори омма хеле муҳим мебошад.
Ҳамкории Кумита бо расонаҳои хабарӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Кумита
нақши зарурии васоити ахбори омма (телевизион, радио, рўзномаҳо, ҳафтаномаҳо,
маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ)-ро дар рушди соҳаи сайёҳӣ баланд арзёбӣ
менамояд. Омўзиш нишон дод, ки дар аксар сомонаҳои интернетӣ бахши “Сайёҳӣ” дар
шакли алоҳида ҷой дода шудааст, ки барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар
ва ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Инро дар сомонаҳои вазорату идораҳои
давлатӣ, шабакаҳои телевизионӣ, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон - “Ховар”
ва баъзе рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин кор шоёни
диққат ва дастгирӣ мебошад.
Имрўз
тавассути шабакаҳои телевизионӣ наворҳои таблиғотии имкониятҳои сайёҳии кишвар
пайваста нашр мешаванд, ки хеле ҷолиб аст. Махсусан, саҳми Телевизиони “Сайёҳӣ
ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ин ҷода шоистаи таҳсин аст, ки тавассути барномаҳои
экотуризм, сайёҳии варзишӣ ва ғайра дар татбиқи сиёсати соҳаи сайёҳӣ саҳм
мегузоранд.
-Ҳоло
дар мамлакат чанд ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст?
-Ширкатҳои
сайёҳӣ, ки теъдоди онҳо сол аз сол меафзояд, дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии
кишвар нақши муҳим мебозанд.
Тибқи
маълумоти оморӣ, дар кишвар 214 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият
доранд, ки аз ин шумора 41 ширкати сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони
Бадахшон, 101 адад дар шаҳри Душанбе, 46 адад дар вилояти Суғд, 17 адад дар
вилояти Хатлон ва 9 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта
шуданд.
-
Барои ҷалби сайёҳон хуб ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ бисёр муҳим
аст. Дар ин ҷода чӣ пешравиҳо ба назар мерасанд?
-
Дар масъалаи ташкили хизматрасонии сайёҳӣ низ натиҷаҳо мусбат ба назар
мерасанд. Аз ҷумла, дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳурӣ, шумораи зиёди иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона,
нуқтаҳои савдо, марказҳои табобатӣ ва боғу хонаҳои истироҳатӣ мавриди истифода
қарор дода шуданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншоотҳои сайёҳӣ, аз қабили
“Дунёи ош”, тарабхонаи “Баҳор-Форел” ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки барои
сайёҳон хеле ҷолиб аст.
Айни
ҳол мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ, 338 субъекти хизматрасонии
сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 209 меҳмонхона, 46 адад ҳостел ва
мотелҳо, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кўдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази
муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4
базаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият карда, шумораи миёнаи кормандони
субъектҳои хизматрасонӣ 4051 нафарро ташкил медиҳад.
-
Барои дастгирии соҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чӣ тадбирҳо амалӣ гардидаанд?
-Cоли
равон ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи фаъолияти
Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023, раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва
протоколи ҷаласаи 8-уми Шуро, гузоришҳои Вазорати нақлиёт оид ба рушди
инфрасохтори сарироҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид
ба рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Аз
ин рў, таъмини фаъолияти пурсамари Шурои миллии ҳамоҳангсози рушди соҳаи
сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он, инчунин,
иҷрои супоришҳои протоколии Шуро воситаи муҳимми рушди соҳаи сайёҳӣ маҳсуб
ёфта, Кумита вазифадор аст, ки мудирияти Шуроро дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд.
Тибқи
нақша ҷаласаи навбатии Шуро моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ки дар он
масъалаҳои муҳимми соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Айни
замон яке аз сохторҳое, ки василаи муҳимми рушди соҳаи сайёҳии кишвар гардида,
аз ибтикори Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегирад, ин таъсиси гурўҳи кории доимӣ оид ба
иҷрои корҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва назорати он таҳти роҳбарии муовини Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Дар
ин давра нахустин ҷаласаи гурўҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он
масъалаҳои марбут ба механизми назорати раванди бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди
ҳунарҳои мардумӣ, касбомўзии шаҳрвандони кишвар, ташкил ва назорат оид ба
корҳои кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин, ҳифзи
табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар маҳалҳо
мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бинобар
ин, ба Кумита зарур аст, ки ҳамкории Шурои миллӣ ва сохторҳои маҳаллии онро бо
гурўҳи кории ҷумҳуриявӣ ва гурўҳҳои кории доимоамалкунанда дар вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо тақвият бахшад.
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастоварди беҳтарин дар рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ,
дастоварди беҳтарин дар рушди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, сармоягузори беҳтарин
дар соҳаи сайёҳӣ, барои навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ, барои кори илмӣ
(тадқиқотӣ)-и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ, барои дастоварди беҳтарин дар таблиғи
маҳсулоти сайёҳӣ озмун эълон кард. Пешниҳодҳо дар бораи дастовардҳои довталабон
барои дарёфти Ҷоизаи давлатӣ барои баррасӣ ба Кумита ироа шуданд. Ҷоизаҳо дар
арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ ба ғолибон супорида шуд.
-Сармоягузории
соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Масъалаҳои
марбут ба сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Кумита
маҳсуб ёфта, айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони
рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор
дорад.
Якум, Лоиҳаи
рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари
ИМА ҷиҳати таҳияи корҳои омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ
мебошад.
Соли
равон таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва
Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кўҳҳои Фон аз ҷониби ширкатҳои
HIDRIA-и испанӣ ва “KEIOS Consulting”-и итолиявӣ интихоб гардида, идома ёфт.
Дар
доираи ин нақшаҳои генералии сайёҳӣ таҳияи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи
сайёҳӣ барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст.
Дуюм,
татбиқи Лоиҳаи рушди иқтисодёти деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши
умумии 30,0 миллион доллари ИМА, аз он 15,7 миллион доллари ИМА барои
чорабиниҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст, идома дорад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар доираи он бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун, аз қабили меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон ва мағозаҳои фурўши армуғонҳо амалӣ карда мешавад.
Мусоҳиб: Сайфиддин СУННАТӢ