Конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид

2024-09-27

Санаи 26 сентябри соли 2024 конференсияи ХХI ҳисоботӣ -интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар кори он Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Носирзода Ҷаббор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, Дустмуродзода Сурайё - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъазода Шарифҷон - раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ - раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзомуддинов Саидбек роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва зиёда аз 600 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр боздид намуда, аз дастовардҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оғоз шуд.

Нахуст ҳайати раёсат, комиссияи мандатӣ, котибот ва комиссияи таҳририяи конференсияро интихоб намуданд.

Дар конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шаш масъала аз ҷумла, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2024, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби вакилон ба Анҷумани 15 - уми ҲХДТ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифтанд.

Дар ҳисобот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод зикр намуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи амалисозии ташаббусҳои наву созанда ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби сиёсӣ ин давра ба давра ташаккули фарҳанги сиёсии шаҳрвандон мебошад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир намудааст.

Танҳо дар давраи ҳисоботӣ дар 40 деҳа ва 36 корхонаву муассиса ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфта, 4623 нафар аъзои нав қабул карда шудааст, ки натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 148 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки 14879 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамояд.

Дар идома гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 211 чорабинӣ дар самти кор бо занон, 473 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, 608 - вохӯрӣ ва 457 соатҳои сиёсӣ гузаронида шуд.

Аз ин шумора 167 чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, 87 аксия, 34 маҳфил - озмун, 42 мусобиқаҳои варзишӣ, 7 семинари омӯзишӣ, 27- конференсияҳои илмӣ, 87 - чорабинии муштарак ва 62 мизи мудаввар мебошад.

Дар ҳисобот таъкид шуд, ки дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла саривақт доир нагаштани маҷлисҳои умумӣ, ҳаркати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, иҷрои нақшаи обуна ба Нашрияи марказии ҳизб Минбари халқва дигар масъалаҳо зикр шуданд.

Дар музокира Сангинов Ҳусниддин - вакил аз кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”, Беков Камолиддин - вакил аз ташкилоти ибтидоии “Кони намак” ва Раҳимӣ Миҷгона - вакил аз ташкилоти ибтидоии “Кони намак” суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар кори конференсия Носирзода Ҷаббор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба даст омада истодаанд ва ин дастовардҳо идома доранд.

Сипас Дустмуродзода Сурайё - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҳисор №7” оид ба амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи ҳатмии онҳо, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва дигар масъалаҳо нуқтаи назари худро иброз намуд.

Дар конференсияи Фарҳод Раҳимӣ - раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ суханронӣ намуда, оид ба зудтағйирёбанда гардидани вазъи ҷаҳон, тезу тунд шудани муносибати абарқудратҳо, афзоиши хатару таҳдид ба пойдории истиқлолу озодии сокинони сайёра, амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, муттаҳидиву сарҷамъии аъзову ҷонибдорони ҳизб ва кулли шаҳрвандони мамлакат дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Ҳамзамон дар конференсия Мирзомуддинов Саидбек - роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оид ба буду боши муҳоҷирони меҳнатии Россия ибрози андеша намуд.

Дар суханронии худ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалї месозад.

Қайд гардид, ки сиёсати дурусти шахсияти барҷастаи таърихии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи дурусти давлатдории навини тоҷикон дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомуш гардид.

Дар идома Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бовусъат идома дорад, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар симои Носирзода Ҷаббор ва Ёров Мироҷиддин – директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор сохтмон» изҳори сипос баён намуданд.

Сипас Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор ибрози андеша намуда, зикр намуд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳри Ҳисор давра ба давра беҳтар гардидааст.

Зикр гардид, ки мо аз фаъолияти намунавии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор ҳамарӯза огоҳ ҳастем ва барои дастгирии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба шаҳрдории Ҳисор арзи сипос баён намуд.

Дар идома қайд намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то ҳол мушкилот мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо аз ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ масъулият талаб менамояд.

Мо бояд тавре корҳои ҳизбиро пеш барем, ки дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошем, яъне аъзои ҲХДТ бо фаъолияти созанда ва поквиҷдонии хеш дар ҷомеа ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки ҳамагон шахсиятҳои донишманду масъулиятшинос мебошанд, дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти дохилиҳизбӣ вусъати тоза мебахшанд.

Дар конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор шунида шуд.

Сипас бо овоздиҳии вакилон аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос ва ватандӯсту хештаншинос интихоб карда шуданд.

Бо ҷонибдории вакилон, комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор низ интихоб шуданд.

Дар конференсия 51 нафар вакилон ҷиҳати иштирок дар Анҷумани 15 - уми ҲХДТ интихоб карда шуданд.

Бо ризоияти аъзои нави кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор аз рӯи ду масъала доир гардид.

Оид ба масъалаи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси ҲХДТ зикр намуд, ки бо ризоияти Раиси ҲХДТ номзадии Изатуллои Ҳабибзод барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ мегардад.

Аз ҷониби аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб номзад ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, Изатуллои Ҳабибзод аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб карда шуд.

Оид ба масъалаи дуюм Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр намуд, ки мо бояд аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро интихоб намоем.

Бо овоздиҳии аъзои кумитаи иҷроия, аъзои Раёсат интихоб карда шуд.

Дар фаромади конференсия ба як қатор узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барнома ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ХХI ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ пӯшида эълон гардид.