ХУҶАНДИ НУРОФАР, РӮЗАФЗУН БОД ҶАШНАТ!
2024-09-26
Бахшида ба таҷлили
Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи омӯзгории МТД
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, собиқадори
ҳизб Карамулло Одилов, устодони МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров”
Ваҳҳоб Набиев ва Зеварой Бобоева иштирок ва баромад карданд.
Конференсияро
директори муассисаи мазкур Оқилзода Акмал ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо Рӯзи
шаҳри Хуҷанд муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки шаҳри
Хуҷанд ҳамеша ҳамчун маркази шукуфон ва нуронии Тоҷикистон боқӣ монад, ободу
зебо ва пурфайз бошад. Мехоҳам ҳар як хонавода дар Хуҷанд пур аз меҳру
муҳаббат, сулҳу оромӣ ва хушбахтӣ бошад. Бигзор ин шаҳри азиз ба наслҳои оянда
низ чунин сарбаландӣ ва ифтихор бахшад.
Сипас, меҳмонон аз
таърихи пайдоиши шаҳри Хуҷанд ва доир ба имрӯзу гузаштаи Хуҷандшаҳри бостонӣ бо
маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, таъкид намуданд, ки шаҳри Хуҷанд дар тӯли
таърих бисёр ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро паси сар кардааст.
Хуҷанд аз рӯзҳои қадим ҳамчун шаҳри тиҷорат, илму маърифат ва санъату фарҳанг
шӯҳратёр буд ва имрӯз низ ин суннати деринаро бо сари баланд идома дода
истодааст.
Аз қуллаҳои баланди
замони давлати қадимаи Суғд то замони муосир, ки ҳамчун маркази вилояти Суғд
мавқеи муҳим дорад, Хуҷанд бо тамоми мавқеи худ ҳамчун рамзи сарбаландӣ ва
ифтихор барои тамоми миллати тоҷик боқӣ мондааст. Сокинони меҳнатдӯсти Хуҷанд,
ки бо меҳру муҳаббат ба Ватан ва сарзамини худ кору фаъолият мекунанд, бо
заҳмату меҳнати хеш саҳми арзандае дар пешрафти Тоҷикистон гузоштаанд.
Мо бояд ба ин шаҳри
зебо, ки дар баробари таърихи пурғановаташ, бо мардуми меҳрубону фарҳангдӯст ва
табиати дилфиребаш машҳур аст, арҷ мегузорем.
Дар фарҷоми
конференсия дар вазъияти тантнавӣ ба якчанд нафар аъзоҳои нав ба сафи ҳизб
шомилгардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.