КОНФЕРЕНСИЯИ 29 - УМИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ АШТ БАРГУЗОР ГАРДИД

2024-09-26

Имрӯз дар толори театри мусиқӣ - дармавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки аъзои КИМ ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад, Зиёӣ Баҳриддин, Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салоҳиддинов Парвиз ва вакилон, аъзоёну собиқадорони ҳизб конференсияи 29 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Коференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсати кории конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард, ки он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.

Дар кори конференсия 7 масъала:

Дар бораи ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, интихоби вакилон ба конференсияи 16 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи он қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Хушнуд Каримзода оид ба фаъолияти дуюнимсолаи кумитаи иҷроия дар ноҳия ҳисобот дод. Дар баромад таъкид гардид, ки фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар асоси ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV - уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд.

Сипас, музокирачиён вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муллоҷонова Дилафруз, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи маркази” - и ноҳия Ҳасанов Наврӯз ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди деҳаи “Ашти Поён” Имомалиева Мунзифа баромад намуданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт раиси комиссияи тафтишотӣ Иброҳимзода Фуркат оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас, аъзои КИМ ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад,  Зиёӣ Баҳриддин низ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем. Ва мо ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд, бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ сафи аъзоёну ҷонибдоронамонро гирди худ муттаҳид созем.

Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода дар суханронии хеш татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи ҳизб, зиёд намудани сафи ҳизбиён, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сазовор гардидан ба боварию эътимоди мардум, андешаронӣ намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салоҳиддинов Парвиз низ дар навбати худ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар давраи ҳисобӣ сухан намуда, вобаста ба пешравӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ изҳори назар кард.

Ҳамзамон, аъзои Раёсат барои боз ҳам густариш бахшидани корҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд.

Масъалаҳои дигари рӯзномаи конференсия аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфта, нисбати он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар собиқадорон, собиқ раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва аъзоёни фаъоли ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ карда шуданд.