Конференсияи 44-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баргузор гардид

2024-09-25

Дар толори тозабунёди “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” конференсияи 44-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси ноҳияи Сино Тоҷиддин Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино Маҳмадшо Гулзода ва директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон Шаҳло Ашўриён баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар кори конференсия вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат доштанд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, аз рўи масъалаи якуми рўзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Ҳабибзода доир ба фаъолият дар тўли дуюним соли охир ҳисобот дод.

Гуфта шуд, ки кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар асоси талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷумани Х1V ҲХДТ, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавсияву вазифагузориҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ фаъолиятро ба роҳ монда, ҳадафи меҳварии он саҳм гузоштани ҳар як аъзои ҳизб дар таҳкими давлати соҳибистиқлол, пойдории сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои тамоми сохторҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб басо хотирмон буд. Зеро ҳизбиёни ноҳия шоҳиди муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатӣ буданд. Дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ чорабиниҳои тантанавӣ, мизҳои мудаввар, конференсияву ҳамоишҳо ва соатҳои сиёсӣ баргузор карда шудааст, ки омили асосии он баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва садоқат ба сиёсати дохиливу хориҷии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Синои шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориро бо васоити ахбори омма зич ба роҳ монда, тариқи саҳифаи фейсбукӣ, нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” ва рўзномаи ҳизбии “Мароми пойтахт” пайваста ҳамкорӣ менамояд.

Дар баробари дастовард ва муваффақиятҳо дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳанўз як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд, аз ҷумла иброз дошт Зоҳир Ҳабибзода.

Дар идомаи конференсия якчанд раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ба музокира баромада, зимни андешаронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Аз рўй масъалаи дуюми рўзнома ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наврўз Умарзода шунида шуд.

Узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Сино Тоҷиддин Саидзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои оинномавии худро сарбаландона ба иҷро расонида, сазовори боварии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар суханронии худ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синоро ҳамаҷониба таҳлил ва фаъолияти онро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Абдуҷаббор Азизӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синоро яке аз пешқадамтарин ташкилоти ҳизбӣ дар кишвар ном бурда, сари якчанд камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуд. Аз ҷумла аз тарбияи ҷавонону наврасон, одобу рафтори онҳо ва бетарафии атрофиён изҳори нигаронӣ карда, дар назди масъулин ва ҳар як аъзои ҳизб вазифаҳои мушаххас гузошт. Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар идомаи суханронӣ пойдории ҳар як оила ва ободонии ҳар як хонадон, кўча, маҳалла ва шаҳру ноҳияро вазифаи ҳар ҲХДТ дар мамлакат арзёбӣ кард ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 -солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ ва ҳамагонро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват намуд.

Сипас вакилони конференсия тариқи овоздиҳӣ якдилона Зоҳир Ҳабибзодаро аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ҳайати 45 нафар ва вакилон ба конференсияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо дар ҳайати 104 нафар ба овоз гузошта, интихоб карданд.

Дар охири кори конференсия ба як гурўҳ фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ дар вазъияти тантанавӣ сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ тақдим карда шуданд.