Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

2024-09-25

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов конференсияи XXXVI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар кори он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар кори конференсия вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоат, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб ширкат варзиданд.

Рӯзномаи конференсия фарогирии масъалаҳои ҳисоботи КИ ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти молиявӣ, интихоби аъзои КИ ҲХДТ, интихоби раиси КИ ҲХДТ ва аъзои комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ, инчунин интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Аз рӯй масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Бахтиёр Султонзода шунида шуд.

Тошпӯлотова Холида – раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.

Ҳайати нави аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иборат аз 31 нафар интихоб гардид.

Дар мувофиқа бо Роҳбари Олии ҳизб Бахтиёр Султонзода аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов интихоб гардид.

Иштирокдорони конференсия 33 нафарро ба конференсияи ҳисоботӣ –интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вакил интихоб намуданд.

Фаъолияти дувунимсолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи вакилон ва иштирокдорони конференсия қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор зимни баромад қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои оянда, тамоми қудрату нерӯи худро равона месозад. Таъкид дошт, ки ҳизб ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар, барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Дар конференсия аз рӯй масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар қисмати интиҳоӣ ба 8 нафар ҷавон, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин бархе аз фаъолон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуд.