Дар конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дастовардҳо натиҷагирӣ ва масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд
2024-09-25
Дар толори Кумитаи
иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Олимон”, конференсияи 33 - уми ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, санаи
23.09.2024 баргузор гардид.
Дар кори конференсияи
мазкур роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири нақлиёт Азим
Иброҳим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон
Ҳакимзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, узви Кумитаи иҷроияи марказии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, раиси
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Олимон” Раҳмон Дилшод, собиқадорон, аъзои Кумитаи иҷроия ва раёсат, вакилон, раисон ва
муовинони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони
Ватан”, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пас аз садо додани
Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя,
комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори конференсия ҳусни оғоз
бахшиданд.
Тибқи меъёри
намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр 366 нафар вакил
даъват гардида, дар кори конференсия
336 вакил иштирок намуданд.
Конференсия тибқи
рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод:
1. Шунидани ҳисоботи
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз
моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024.
2. Шунидани ҳисоботи
раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Кӯлоб дар давраи ҳисоботӣ.
3.
Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
шаҳри Кӯлоб.
4.
Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
5.
Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотӣ.
6.
Интихоби вакилон ба конференсияи 15 - уми ҲХДТ дар вилояти вилояти Хатлон аз
шаҳри Кӯлоб ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми
рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ҳисоботи 2,5 –солаи кумитаро ироа намуданд.
Маълум гардид, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ба дастовардҳои назаррас ноил гардида
аст. Аз ҷумла, дар охири соли 2023 Ҷоми сайёри ҲХДТ дар вилояти Хатлон насиби тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
гардид. Дар баробари ин дар
давраи ҳисоботӣ кумита
мизбони конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” буда, онро
дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор
намуд. Дар он олимону муҳақиқон мақолаву андешаҳои худро оид ба дастовардҳои
даврони истиқлолият, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шинохти манфиатҳои миллӣ пешниҳод намудаанд. Маводҳои
конференсия дар ҳаҷми 500 саҳифа нашр ва дастраси хонандагон
гардид. Дастоварди навбатии варзишгарони ғайрикасбии кумита “Ҷоми Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон” мебошад, ки маротибаи дуюм насиби тими
футболбозони шаҳри Кӯлоб гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба зарардидагони садамаи нақлиётӣ хонаи истиқоматӣ
сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, роҳбарияти кумита пайваста талош менамоянд, ки сокинонро ба корҳои
ободонии диёри хеш сафарбар намоянд. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар аксарияти деҳа ва кӯчаҳои шаҳр
бо маром идома дорад. Маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 2933
нафар зиёд гардид. Дар ин муддат 9 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Зимни музокира,
вакилони конференсия Раҳмон Дилшод, Асозода Ҳотам, Одиназода Латофат, Рустамов
Шарофиддин ва Шоинов Ҳасан ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Кӯлобро қаноатбахш ҳисобиданд. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани
ҷашни 30 - солагии
ҲХДТ пешниҳодҳо намуданд.
Сипас, тибқи масъалаи
дуюми рӯзнома Саидзода Мирзоалӣ аъзои комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Кӯлоб дар бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия маълумот дод.
Зимни баррасии
масъалаи сеюм ва панҷум бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иборат аз 45 нафар ва комиссияи тафтишотӣ бо пешниҳоди
Раёсати конференсия иборат аз 9 нафар интихоб карда шуданд.
Дар доираи масъалаи
чоруми рӯзномаи маҷлис дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии
Сайвлизода Салим барои аз нав интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод карда шуд. Дар ҳамовозии вакилони конференсия Сайвализода
Салим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб карда шуд.
Аз рӯи масъалаи шашуми
рӯзнома вакилон ба конференсияи
15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Сипас раиси шаҳри
Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, меҳмонро хайрамақдам намуданд. Аз
ҷумла изҳор доштанд, ки боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати
хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми
кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Моро
лозим аст баҳри пойдории истиқлолу ваҳдат
ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб саҳми худро гузорем.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, вазири нақлиёти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар
баромади хеш қайд намуданд, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ 35 - солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
30 - солагии қабули Конститутсия ва 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлоли
давлатӣ барои халқи тоҷик ба маънои ҳақиқӣ маънии озодӣ, ваҳдати миллӣ ва
имконияти ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократиро дорад. Ба воситаи
истиқлолият мо тавонистем, ки арзишҳои миллиро эҳё кунем, фарҳанг ва забони
миллии худро рушд диҳем ва як давлати муосир бунёд намоем. Дар охир барои
беҳтару хубтар кардани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ба
сухан баромада, таъкид намуданд, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки
вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар
пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизбамон бо ҷавонон бештар кор
кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои
ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи
ҷавонон саривақт безарар гардонем. Рӯй кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар
бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ба ҳисси худшиносии
мардум таъсири мусбӣ гузошта,
ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат кард.
Сипас, раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед
зимни баромади хеш бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро
қаноатбахш ҳисобида, барои бартараф кардани камбудиҳо, баҳри боз ҳам густариш
додани корҳои ҳизбӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид ба масъулин пешниҳод
намуданд.
Роҳбари дастгоҳи
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон
дар идома ба сухан баромада иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъоли низоми сиёсии ҷомеа аз рӯзи нахустин
таъсисёбӣ бо дарки масъулияти баланд ва мақсади волои амалӣ намудани ормонҳои
мардуми Тоҷикистон дар майдони сиёсат қадамҳои устувор ниҳод. Тӯли 30 - соли фаъолият ҳизб зимни иштироки
бевосита дар раванди инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ тавонист ҳадафҳои
барномавиро дар амал татбиқ
намояд.
Дар охир фаъолияти
кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро
қаноатбахш арзёбӣ намуда, пешниҳоди аз ҷониби вакилон ироагардидаро ба инобат
гирифтанд.
Инчунин, барои
хизматҳои арзанда дар рушди диёри азизамон, кордониву ташаббускорӣ, дарки
баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб
якқатор фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ
ва шаҳрии ҳизб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тӯҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукот
қадршиносӣ шуданд. Дар ин баробар як қатор занону ҷавонон, ки ба сафи ҳизб
пайваста, дар фазои тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.