Натиҷагирии фаъолияти ҳизбӣ
2024-09-24
19 сентябри соли ҷорӣ
конференсияи ХХVII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Истаравшан баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, раиси шаҳри Истаравшан
Адҳам Маъмурзода иштирок намуданд. Пеш аз оғози кори конференсия меҳмонон аз
намоиши ҳунармандони ташкилотҳои ибтидоии «Кохи ҳунар», «Пайравони Пешво»,
«Қосидони сулҳ», «Мактаби варзишии №2», ва «Литсейи касбӣ - техникӣ»
дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Инчунин бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, кумитаҳои иҷроияи ибтидоии «Пайравони Сино»,
«Коллеҷи тиббӣ» ва ташкилоти ибтидои «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба воситаи
суратгузоришҳо аз наздик шинос шуданд.
Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботӣ бо садо
додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар конференсия
ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотии
Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба фаъолияти молиявӣ, интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар
шаҳри Истаравшан, интихоби раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, интихоби
сармуҳаррири нашрияи «Афкори халқ» ва интихоби вакилон ба конференсияи ХVI
ҳисоботӣ - интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти
Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми
рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода
Комил ҳисобот дода, аз ҷумла зикр
кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои Анҷумани XIII,
XIV ҲХДТ, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати КИМ
ҲХДТ ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, корҳои тарғиботиро бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба
корҳои бунёдкориву созандагӣ ба роҳ мондаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати
тарғиби паёми Президенти
мамлакат 630 вохӯрию мулоқот гузаронида шуд. Ба тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ
вусъат бахшида шуд, ки дар натиҷа сафи аъзои ҳизб дар ин давра 1871 нафар
афзуд.
Тибқи масъалаи дуюми
рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас вакил аз
ташкилоти ибтидоии «Раёсати маориф» Акмал Аҳроров, вакил аз ташкилоти ибтидоии
«Шабакаҳои тақсимоти барқ» Гулрухсор Эргашева, вакил аз КИИ «Сино» Шодмон
Шодиев, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Нури маърифат», аъзои ТҶҶ «Созандагони
Ватан» Абдуллоева Низорамоҳ ба музокира баромаданд.
Раиси шаҳри Истаравшан
Адҳам Маъмурзода ба сухан баромада, зикр кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазое дорад.
Маҳз бо шарофати сулҳу
суботи кишвар фазои осудаю ором, татбиқи самараноки Барномаи ҳизбӣ ҳар як аъзои
ҳизб имкон дорад, ки дар шукуфоии Ватан ҳиссагузор бошад.
Муовини раиси КИ ҲХДТ
дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ бошад, зимни суханронӣ иброз намуд, ки Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан яке аз кумитаҳои беҳтарин дар вилоят маҳсуб
меёбад. Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба қабули
босифати аъзо диққати махсус додааст. Бояд дар оянда низ ба ин раванд аҳамияти
махсус дода шавад.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода дар
баромади худ қайд кард, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд ва дастгирии
ҳамаҷонибаи ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи ҳизбиён мебошад. Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан корҳои тарғиботиро доир ба пешгирии шомилшавии
ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълими ғайрирасмии наврасонро вусъат
дода, баҳри тарбияи насли наврас ҳиссаи босазое дорад. Дар оянда бояд аз ҷиҳати
Оинномаи ҳизб корҳои дохилиҳизбиро тақвият бахшад.
Аз рӯи масъалаи сеюми
рӯзнома аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан интихоб гардид. Вобаста
ба масъалаи чоруми рӯзнома Мирзозода Комил раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Истаравшан интихоб гардид.
Инчунин конференсия
ҳайати комиссияи
тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро интихоб намуда, аз рӯи масъалаи
дигари рӯзномаи конференсия бошад, Муаззама Абдуваҳҳобова сармуҳаррири нашрияи
«Афкори халқ» интихоб гардид.
Тибқи масъалаи дигари
рӯзномаи конференсия вакилон ба конференсияи
XVI ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуданд.
Дар қисмати охири
конференсия ба як қатор собиқадорони ҳизб туҳфаҳои хотиравӣ ва ба якчанд нафар
фаъолони ҲХДТ сипосномаи
КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан супорида шуд.
Инчунин ба якчанд
нафар ҷавонон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд, ба таври тантанавӣ
шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.