Конференсияи XXVII ҳисоботӣ - интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол
2024-09-24
Тибқи
нақшаи тасдиқнамудаи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, санаи 19 сентябри
соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр конференсияи XXVII ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор
гардид.
Пеш
аз оғози конференсия меҳмонон ва вакилон аз намоиши асарҳои Пешвои миллат,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва
ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Сипас
баъд аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби Раёсати конференсия дар ҳайати
Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳр, Фирдавс Салимов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар
вилояти Суғд, Наим Маликисломӣ, мушовири раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,
Наргиза Разоқова, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва Амунсултон Мазамбекова,
вакил аз ташкилоти ибтидоии«Дастгирии иҷтимоӣ» ва иҷро намудани талаботҳои
дахлдор, ахбороти раиси комиссияи мандатӣ, конференсия ба кори худ оғоз
намуд.
Нахуст
рӯзномаи конференсия бо фарогири масъалаҳои ҳисоботи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол
оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи давраи ҳисоботӣ,
ҳисоботи Комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол оид ба фаъолияти
молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол,
интихоби раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии
КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-
интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тасдиқ карда шуда, раиси КИ ҲХДТ Наргиза
Разоқова оид ба масъалаи якум дар назди иштирокчиён ҳисобот дод.
Баъдан
раисон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба музокира баромада, доир ба
фаъолияти худ маълумоти муфассал дода, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияро
қаноатбахш ҳисобиданд. Раиси Комиссияи тафтишотӣ доир ба фаъолияти молиявии
кумитаи иҷроия
ҳисобот дод.
Инчунин
дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, Наргиза Разоқова аз нав
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол
интихоб гардид.
Конференсия
ба кори худ идома дода, аъзои нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол иборат аз 11
нафар ва вакилони конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро
дар ҳайати 10 нафар интихоб гардиданд.
Ҳамзамон
раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Фирдавс Салимов ва собиқадори ҳизб Наим Маликисломов дар суханронии худ оид ба
фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти
кумитаи иҷроия, хизматҳои шоёни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ба даст
овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободонию
созандагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар
хотима ба ба якчанд нафар фаъолон сипосномаҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти
Суғд, инчунин ба нафароне, ки ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, дар вазъияти
тантанавӣ, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Бо садо додани суруди
миллӣ, конференсия ба кори худ хотима бахшид.