Конференсияи XVIII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид
2024-09-23
Санаи
20 сентябри сои 2024 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи
Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Саидзода Ҷамшед, сармуҳаррири нашрияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ”, Суҳроб
Рауфзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Холиқзода Рустам, фаъолон ва
собиқадорони ҳизбӣ конференсияи 18 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Қабл
аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳоии соҳаи маориф,
бахши ҷавонон ва варзиш, занон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия дидан
намуданд. Кори конференсияи 18 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар Ҷалолиддини Балхӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида ҳозирин пас
аз тасдиқи ҳайати корӣ реҷа ва рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шуруъ намуданд.
Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Сулаймонзода Лола оид ба фаъолияти дуюнимсолаи
кумитаи иҷроия дар ноҳия ҳисобот дод. Дар баромад таъкид гардид, ки фаъолияти
кумитаи иҷроия дар ноҳия дар асоси ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV -
уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории
кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд
корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро
ба роҳ мондаанд.
Тибқи
масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида
шуд.
Сипас,
музокирачиён узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Қурбонов
Шариф, вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» Шукурова
Шаҳло, вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ » Шодиева
Нозанин, вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи
марказӣ” Асоев Хуршед, Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид баромад
намуданд.
Дар
конференсия раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло
суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати
хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар
фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз
аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати сартосарист, ки мо ҳизбиён дар
маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва
ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар воқеъ,
танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои
созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб
имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди
иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин
васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем. Бояд кайд намоям, ки ҳамкории
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар сохторҳои
давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ
дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои
муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолиятро мутобиқгардонида дуруст ба роҳ
мондаанд.
Сипас,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Одиназода
Ҳуснигул Раҷаб низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони ин миллату давлат бо
устуворӣ қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намояд. Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии
онро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо
боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.
Сипас,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Саидзода Ҷамшед зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам гузтариш
додани корҳои ҳизби дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон зикр дошт, ки
раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокӯнӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи
ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.
Намояндаи
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Суҳроб Рауфзода низ доир ба бурду бохти фаъолияти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи
ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин
қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ,
ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият
тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Зимнан,
аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интихоб гардиданд.
Аз
рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти
Хатлон Саидзода Ҷамшед изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сулаймонзода Лола ба
мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод
намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.
Аз
рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интихоб гардиданд.
Аз
рӯи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ -
интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ ва интихоб
гардиданд.
Дар
қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаи Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ва Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар
фарҷоми конференсия ба 5 - нафар ҷавонони ба сафи ҲХДТ қабул шуда шаҳодатномаҳои
ҳизбӣ тақдим карда шуд.