Ҳамсафони бурунмарзӣ дар ифтихори ватандорӣ

2024-09-23

Дар остонаи 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 10-уми декабри соли равон мо, аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби бонуфузу созанда дар сатҳи шоиста таҷлил менамоем, Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия низ баҳри сазовор таҷлил намудани ин сана як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст. Қабулгоҳ фаъолияти худро дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои ҳизбҳои сиёсӣ” ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин, дар доираи Барнома ва Оинномаи ҳизб, татбиқи қарорҳои анҷуманҳои он, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.

Кормандони Қабулгоҳ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими Федератсияи Русия мебошанд ва хосатан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста машварату вохӯриҳо доир намуда, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, рӯзҳои сахту мудҳиши ба сари мардуми кишвар омада ёдовар гардида, аз сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ менамоянд.

Дар рафти вохӯриву мулоқотҳо бо донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҳамватанони бурунмарзӣ пайваста аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии ҷамъият баҳри шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳимми Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дигаре, ки фаъолияташонро қонун манъ кардааст, таълимоти динии ғайрирасмӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ, дурусту самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи одоби муошират, аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ пайваста дар мадди аввал қарор доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз соли 1993 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи таъсис додани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, чунки он замон ҳам фазои сиёсии кишвар ва ҳам мардуми мамлакат воқеан, ба як ҳизби қутбнамо, ки тавонад роҳи сулҳу саодат ва бовариро ба оянда нишон диҳад, сахт ниёз дошт. Маҳз ҳизби нав метавонист бо роҳбариву роҳнамоиҳои Сарвари ҷонфидояш дар дили мардуми навмедгашта, шуълаи умеду боварӣ бубахшад.

Дар ҳамин даврони басо мураккаби сиёсӣ ба бахти миллати азияткашидаи тоҷик арзи ҳастӣ намудани ҳизби мо эътимоду бовариро ба фардои дурахшони кишвар мунаввартар гардонид. Баъдан, он номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро гирифт.

Зикр кардани ҳамин гуфторро бамаврид медонам: “Ҳаргиз ин чаҳор чизро дар зиндагӣ нашикан: эътимод, қавл, робита ва қалб, зеро онҳо вақте мешикананд, садо надоранд, аммо дарди бисёре доранд”.

Воқеан, дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон эътимоди мардум аз ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо шикаста гардида, саргумзадаву роҳгумзада ва бархе аз гумроҳӣ фирефтаи бадхоҳони давлату миллат гардида буданд. Акнун мардум ба қавлу суханони “хайрхоҳону роҳнамоён” дигар боварию эътимод надоштанд.

Шоистаи зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаву парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, бо фаъолияти пурсамару назарраси хеш тавонист дар як муддати кӯтоҳ барои некуаҳволии халқ. таъмини сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардум нақши калидӣ бозад.

Агар аз рӯзҳои аввали таъсис, таърих ва ташаккулёбии ин ҳизби дар асл мардумӣ назар андӯзем, дармеёбем, ки зарурати ба майдони сиёсӣ ворид гардидани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзҳои вазнини ба сари давлату миллат омада басо зарур ва саривақтӣ буд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тандурустӣ ва фарҳангу маориф нақши асосӣ бозида, роҳеро тай намуд, ки дар масири таърих ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои олам дар тӯли қарнҳо чунин дастовардҳои беназир ва қиёснашаванда даст надодааст.

30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории мо дар радифи бузургтарин воқеа чун Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ меистад ва дар саҳифаҳои китоби зиндагиномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 

Бо як ҷаҳон сарафрозӣ ва бо ифтихори бузург иброз медорам, ки ҳизби мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созанда ва бунёдкоронаро роҳандозӣ намуда, дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувор гузошт.

Баъд аз даҳ соли соҳибистиқлолии мамлакат ва кашмакашҳои бемаънии душманони миллату давлат акнун халқи саодатманди мо бо роҳбари хирадманд, созандаву бунёдкораш ба фатҳи уфуқҳои нав ба нав, ба сӯйи нур ва ба сӯйи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мениҳад.

Дар роҳи се даҳсолаи сипаринамудаи ҳизб кам нестанд нуктаҳое, ки дар дафтари қайдҳо нақш набаста бошанд.

Моҳи сенябри соли 2001 дар Анҷумани 7-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон стратегия ва тактикаи ҲХДТ дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа - давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян гардид ва моҳи декабри ҳамон сол маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  дар асоси маърузаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолияти ҳизбӣ қарорҳои таърихӣ қабул намуд.

Дар саҳифаҳои тиллоии ҳизб дар давоми 30 сол санаи 18-уми декабри соли 2004 ҷойгоҳи махсус дорад, зеро вакилони Анҷумани 9-уми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карданд ва дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро тасдиқ ва ба Оинномаи ҳизб тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Бо сарафрозӣ баён менамоем, ки мо, ҳизбиён ва ҷонибдорони он бо қаноатмандии хосса дар хотир дорем, ки санаи 23-юми сентябри соли 2006 Анҷумани 9-уми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзади арзандаву маҳбуби халқ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор қабул кард.  

Табиист, ки Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ва таҳаввулоти муҳимми сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ ниҳод.

Таваҷҷуҳи асосии Раиси муаззами ҳизб ба рушди соҳаҳои маориф ва илм нигаронида шуда, таҳким бахшидан ба иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнӣ ва дар самти ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии мактабҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар нигаронида шуд.

Дар Паёми шодбоши ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Дар ин росто, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем. Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ва Ватанро тарбия кунем”. 

Пас ҳар яки мо масъулем, ки дар таълиму тарбия намудани насли имрӯз бетафовут набошем.  

Таъсис додани Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост ва бозгӯи он аст, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, барои рушди мунтазами он тадбирҳои мушаххас меандешад.

Маҳз таъсис додани ҳамин Кумита барои соҳибкасб гардонидани ҳамватанонамон нақши муҳим дорад.

Дар муассисаҳои зертобеи Кумита аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва соҳаи коргарӣ омода карда мешаванд, ки ин як ғамхории навбатии Пешвои миллат хосатан барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз манфиат холӣ нест.

Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар давоми фаъолияти хеш дар ҳудуди ин кишвар эҳсос намудааст, ки чӣ гуна таъсиси чунин Кумита барои мардуми мо зарур ва саривақтӣ аст, чунки аксарияти ҷавононе, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа меоянд, аз надоштани касби мушаххас азият мекашанд.

Дар ин робита, ҳамкориҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ бо намояндагиҳои диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру минтақаҳои Русия боз ҳам тақвият меёбад.

Дар ҳамкорӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни муқаддаси Рӯзи Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳо ва аксари шаҳрҳои ин кишвар дар сатҳи шоиста чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият кор бо ҷавонону донишҷӯён мебошад, ки бо онҳо пайваста вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда шуда, ҳамзамон, тавассути соҳибкорони муваффақамон доимо дастгирӣ меёбанд. 

Мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамарӯза эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат, ҳизби мо бо сарварии Раиси маҳбубаш барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқасос, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоидошта, аз лиҳози иҷтисодӣ рушдкунанда ва баҳри беҳдошти зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 30 сол бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва ба маънавиёти баланди аъзои худ қадам ба қадам такя намудааст.  

Дар сафи пеши аъзо нахуст, зиёиёни кишвар меистанд, ки аз донишу маҳорати онҳо баҳри амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нусратбору саодатофари барномавии ҳизб самаранок истифода бурда мешавад ва он ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, мактабу маориф ва илму фарҳанги кишвар нигаронида шудааст.

Ин ҳизби созандаву бунёдкор дар давоми 30 соли таъсисёбӣ ҳамеша ба неруи созанда ва идеяҳои тоза бо дарназардошти рушду пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳоду созмонҳои гуногун, ки раванди фаъолияташон дар доираи қоидаву қонунҳои амалкунандаи мамлакат роҳандозӣ гардидааст, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Бояд зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосаи хешро пайдо намудааст ва ҳамкориҳои ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон, хосатан, дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд.

Ҳамкорӣ бо ҳизби сиёсии пешбар ва ҳукмрони умумироссиягии “Единая Россия” ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст. 

Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин, “Нур Отан” ва “Ени Азербайджан” тақвияти гуфтаҳои болост.

Дар ин замина, иртиботи мутақобилан судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизби умумироссиягии “Единая Россия” шоистаи таъкиди хос мебошад.

Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия низ густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро бо ҳизби “Единая Россия” дар сатҳи байниҳизбӣ зарур шуморида, пайваста ҳамкориро тақвият мебахшад.  

Ҳарчанд 30 сол дар назди таърих фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, вале халқи тоҷик бо роҳбари башоратбахшаш тавонист кори садсолаҳоро бемуҳобот анҷом диҳад. Зеро Пешвои миллат тарбияи маънавиро дар фаъолияти сиёсии хеш муқаддам донистанд.

Дар баробари касбомӯзӣ идома додани як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бевосита ба китобу китобхонӣ иртибот дорад, маҳз барои тамоми қишрҳои ҷомеа дар олам бесобиқа мебошад.

Таърих ёд надорад ва шояд ин аввалин таҷриба дар миқёси олам бошад, ки аз ҷониби Пешвои миллат супориш дар мавриди бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намудани китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” мебошад.

Тоҷикистон дар давоми 33 соли соҳибдавлатӣ ва дар 30 соли таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳам, дар фазои сиёсии кишвар дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард ва бо Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист зиндагии арзандаву шоистаро таъмин намояд.

Саидбек МИРЗОМУДДИНОВ,

роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии

ҲХДТ дар Федератсияи Русия