"Ватанпарвар" - ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд
2024-09-23
Дар Ҷамъияти саҳомии
кушодаи "Авитсенна" бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Саидов Акрам
Абдуразоқович – директори Ҷамъияти саҳомии
кушодаи "Авитсенна" маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ
баргузор гардид.
Нахуст ба як чанд
нафар кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсенна", ки иродаи
сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда
буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.
Сипас дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи
"Авитсенна" ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он
“Ватанпарвар” гузошта шуд.
Бо ҷонибдории аъзои
ҳизб Саидов Акрам Абдуразоқович – директори Ҷамъияти
саҳомии кушодаи "Авитсенна", раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Сатторов
Ҳасан - муовини раиси ташкилоти ибтидоии "Ватанпарвар" интихоб
гардиданд.
Дар маҷлиси муассисони
ташкилоти ибтидоии “Ватанпарвар" Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии
ҳизбиро дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсенна" иқдоми саривақти ва
созгори роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи
"Авитсенна" арзёбӣ намуд.
Сипас оид ба
нишондодҳои паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, вазъи бавуҷуд омадаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт
мураккаб гардидани муносибатҳои кишврҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ,
пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизби ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию
хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар
масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки 10
декабри соли 2024 аз таъсисёбии ҲХДТ 30 сол пур мешавад. Дар муддати фаъолияти
сиёсии худ ҲХДТ бо Роҳбарии
Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон корҳои азиму созгореро барои ояндаи дурахшони Ватан амалӣ намуд,
ки бузугтарини онро метавон таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ арзёбӣ
намуд, ки сарчашмаи пешрафту тараққиёти Тоҷикистон гардид.
Дар идомаи суханронии
худ Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр намуд,
ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон
дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ки ин боварии
бузург нисбати қишри ояндасозӣ
ҷомеа мебошад. Ба ибораи арзишмади Роҳбари давлат: “Рӯ овардан ба ҷавонон - рӯ
овардан ба оянда мебошад”. Мехоҳам ин андешаро имрӯз низ таъкид намоям, чунки
мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат
медонем».
Дар фаромади маҷлис
Саидов Акрам Абдуразоқович - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи
"Авитсенна", раиси ташкилоти ибтидоии "Ватанпарвар" иброз
дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти
ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.
Мо аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии "Ватанпарвар" бо дарки баланди масъулият дар назди Ватан ва садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ истифода намуда, дар пешрафту ободонии диёр ва Ватани азизамон саҳми намоёни худро хоҳем гузошт, иброз дошт дар фаромади маҷлис Саидов Акрам Абдуразоқович – директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсенна", раиси ташкилоти ибтидоии "Ватанпарвар".