Баргузории конфренсияи XХV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

2024-09-20

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода, фаъолон, собиқадорон ва вакилон конференсияи XХV ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баргузор гардид.

Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати корӣ реҷа ва рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шуруъ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова оид ба фаъолияти дуюнимсолаи кумитаи иҷроия ҳисобот дод. Дар баромад таъкид гардид, ки фаъолияти ҳизбӣ дар такя ба дастуру роҳнамоиҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои созандагиву бунёдкориро касб намуда, тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва тақвияти машғулияҳои мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аз пешравиҳо дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбанд.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Ҷабборӣ Бурҳониддин, раиси ташкилоти ибтидоии "Тандурустӣ" - Самиев Ҳусейн, аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии "Амонатбонк" - Юлдошева Наргиза, директори ҶДММ" Неруи Канд" Юсупов Наврӯз ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шокиров Муҳаммадҷон ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодомро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода дар баромади худ таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад.  Ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки дар амалӣ гардидани қарорҳои барномавии ҳизб ташаббускор ва пешрафт бошанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни таҳлили фаъолият зикр дошт, ки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Конибодом аз лиҳози нуфуз ва теъдод аз ҷумлаи ташкилотҳои пешрафтаи вилоят маҳсуб меёбанд.

Мавсуф аз ҳизбиён даъват ба амал овард, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошанд, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро тарғибу ташвиқ намуда, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ роҳнамоӣ намоянд.

Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби фардосоз дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медоранд.

Мавсуф ба камбудиҳои ҷойдошта диққати вакилонро ҷалб намуда, барои боз ҳам хубтар фаъолият намудани ташкилоти ҳизбӣ тақвияти ҳамкорӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби бештари аъзо аз ҳисоби кормандони соҳаи кишоварзӣ, бештар намудани масъулияти роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, омодагӣ дидан ба маъракаи интихоботиро дастурҳои мушаххас дод.

Дар идома вакилон аъзои нави Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва вакилони конференсияи 16 - уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро интихоб намуданд. Бо дастгирии кулли вакилон, Шерматова Фирӯза бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб гардид.

Дар анҷоми конференсия чанде аз фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.