Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии XV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид
2024-09-20
19 сентябр
конференсияи XV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар як сатҳи баланди ташкилӣ
баргузор гардид, ки дар кори он
раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ Ташрифзода Амиралӣ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Саидзода Ҷамшед, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон - раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки
пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони
ноҳияи овозадори Балҷувон дидан намуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд
доданд.
Конференсияи XV
ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо садо додани Суруди миллӣ
оғоз гардид.
Конференсияи мазкур аз
7 масъала, дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Балҷувон оид ба
фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ:
-
дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Балҷувон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ;
-
интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон;
-
интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон;
-
интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон;
-
интихоби вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.
Аз
рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат оид ба фаъолияти
ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Зикр кард, ки Дар дувуним
соли охир шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 72 адад расонида шуд, ки нисбат
ба аввали давраи ҳисоботӣ 3 адад зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи аъзои ҳизб
дар ноҳияи Балҷувон ба 2799 нафар расонида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботӣ
309 нафар зиёд мебошад.
Аз
рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Балҷувон оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2022 то моҳи июли соли 2024 шунида
шуд.
Сипас,
музокирачиён Мирзозода Исуф вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойтори»,
Зикруллои Саъдулло вакили конференсия, узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон
«Созандагони Ватан», Моҳираи Алимаҳмад вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии
“Мир Саид” ва Раҷабова Бегимо вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии
«Балҷувон 2» ба музокира баромаданд.
Баъдан
Сафарзода Бахтиёр, раиси ноҳияи Балҷувон ба сухан баромада, қайд кард, ки ҲХДТ
ҳизби пешоҳанги ҷомеа буда, шиораш барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум
мебошад. Имрӯз мо ҳизбиён талошҳои ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами
ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати расидан ба як давлати соҳибихтиёр,
дунявӣ ва ягона, ва инчунин баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум баръало
эҳсос карда, дастгирӣ менамоем.
Саидзода
Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни баромади хеш оид ба
бурду бохти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҳаракати аъзои ҳизб, ҳуҷҷатгузорӣ
дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва таъмини онҳо бо шиору овезаҳои ҳизбӣ, даъвати
ҷавонон ба Артиш, ҷалби сокинон ба НБО “Роғун” пешгирии ҷинояткорӣ дар байни
ҷавонону наврасон изҳори андеша намуд.
Ташрифзода
Амиралӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ низ нақши
ҲХДТ - ро дар ташвиқу тарғиби ғояҳои миллӣ назарас арзёбӣ карда, иштирокдорон
ва дар симои онҳо тамоми мардуми ноҳияи Балҷувонро ба истиқболи рӯзи таъсисёбии
ҲХДТ шодбош гуфт.
Баъд
аз ба анҷом расидани суханронии ҳайати меҳмонон конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ
- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон идома ёфт.
Тибқи
масъалаи сеюми рӯзнома аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иборат аз 25 интихоб
гардиданд.
Тибқи
масъалаи чоруми рӯзномам конференсия дар бораи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Саидзода Ҷамшед, иброз намуданд, ки дар мувофиқа бо раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Зоирзода Маърифат ба
вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пешбарӣ мегардад. Мавсуф
аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб гардид.
Аз
рӯи масъалаи панҷум бошад ҳайати комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон интихоб гардиданд. Ва аз рӯи
масъалаи шашум вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин ба ҷавононе, ки нав ба сафи аъзои ҲХДТ пайвастанд, дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд.