ФАРҲАНГУ АСОЛАТИ МИЛЛИРО ҲИФЗ МЕКУНЕМ
2024-09-20
Тибқи
нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони
маҳаллаҳои Гулбутта 1,2,3 вохӯрӣ доир гардид.
Дар
вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Мавзуна
Раҳматуллозода, аъзои шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Амирӣ
Гулхумор ва роҳбари ташкилотҳои ибтидоии “Гулбутта-1”, “Гулбутта-2” ва
“Гулбутта-3”, иштирок намуданд.
Зимни
вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои Гулбутта 1,2,3 вобаста ба нақшу мақом ва
муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии
шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонон,
пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи
қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри
Душанбе сӯҳбат доир гардид.
Зимни
вохӯрӣ Мавзуна Раҳматуллозода вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, риояи ҳатмии
одоби шаҳрнишинӣ, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва амсоли ин масъалаҳои муҳим
суханронӣ намуда, қайд гардид, ки қонуни мазкур дар баланд бардоштани ҳисси
ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар як фарди бонангу ори кишвар заминаи
амиқ хоҳад гузошт.
Гулхумор
Амирӣ роҷеъ ба пос доштани Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату
ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои
замони соҳибистиқлолӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
пешгирии аз фарҳанги бегона ибрози андеша намуд.
Инчунин
дар идомаи вохӯрӣ дигар иштирокдорон низ суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки
Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як
фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи
марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин
тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба
хусус ҳамсафони мост.