БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

2024-09-19

Санаи 17 сентябри соли ҷорӣ конференсияи 22 – юми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндаи Маркази таҳлил ва иттилоотии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимов Абдуқаҳҳор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Одиназода Ҳуснигул, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон иштирок намуданд.

Пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз бахшид.

Қобили зикр аст, ки тибқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия 280 нафар вакил даъват гардида 260 нафар иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, интихоби вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз суханронӣ намуд.

Қайд кард, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас, музокирачиён, вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдуллоев Раҷаббек, вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» Маҳмадназарова Зубайда, вакили конференсия, узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Саломов Рақиб ва дигарон баромад намуданд.

Дар конференсия раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.

Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саротосарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.

Бояд кайд намоем, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолиятро мутобиқгардонида дуруст ба роҳ мондаанд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам густариш додани корҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон зикр дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокӯнӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.

Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Одиназода Ҳуснигул низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони ин миллату давлат бо устуворӣ қавӣ ва донишу иродаи устувор истодагарӣ намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.

Намояндаи Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии ТоҷикистонҚосимов Абдуқаҳҳор, низ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.

Зимнан, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб гардиданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамидзода Абдулҳафиз ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пешниҳод намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.

Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб гардиданд.

Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба конференсияи 15 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.