“Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ”

2024-09-19

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятии илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон - заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ” - ро ба ифтихори таҷлили 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкадаи номбурда баргузор намуд.

Дар кори он, номзади илмҳои иқтисод, дотсент, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор Толиб, доктори илмҳои фалсафа Солиҷонов Расул ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол сухани ифтитоҳӣ намуда, раёсатро бо аҳли нишаст шинос намуд.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор Толиб дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами дарк ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баромад намуда иброз дошт, ки бо азму иродаи устувор ва ҷаҳду талоши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон пояҳои давлатдории навини миллӣ мустаҳкам гардида, бо танинандозии сулҳу суботи комили ҷомеа дар тамоми самтҳо пешрафту дастовардҳои шоиста рўи кор омад.

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад”.

Воқеан истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат маҳсуб ёфта, орзўи чандинасраи миллати соҳибтамаддуни тоҷик буд. Ин воқеаи муҳим дар таърихи муосири халқи тоҷик марҳилаи наверо оғоз бахшида, халқи тоҷикро ба фардои нек, ворид гардидан ба тамаддуни ҷаҳонии муосир раҳнамо сохт. Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рўйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд.

Инчунин, дар кори конференсия Солиҷонов Расул - доктори илмҳои фалсафаи донишгоҳ дар мавзуи “Истиқлол заминаи рушд ва такомули давлат ва ҷомеа”, Тухтаев Тухтабой - номзади илмҳои иқтисодӣ донишкадаи мазкур доир ба мавзуи “Дастовардҳои сиёсати молиявии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол”, Манонова Фарида - ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии донишкадаи мазкур дар мавзуи “Такомули арзишҳои конститутсионӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ” ва Мирзоева Рухшона - донишҷӯи курси якуми донишкада маъруза намуданд.

Дар охир, як қатор фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.