КОНФЕРЕНСИЯИ XXIV КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-09-18
17 сентябри соли 2024
дар бинои маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ваҳдат" конференсияи
XXIV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Дар кори он намояндаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода
Файзулло, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Шаҳринав
Вализода Абдуқодир Исуф ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Аҳмадзода Оятулло, вакилон, фаъолони
ҳизб, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ
ва собиқадорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Нахуст дар конференсия
аз рӯи масъалаи якуми он, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳия Музаффаров Зафарҷон аз моҳи июли соли 2022 то моҳи августи
соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот манзур дошт. Мавсуф зимни ироаи
ҳисобот, аз ҷумла зикр дошт, ки кумитаи ноҳиявии ҳизб фаъолияти худро дар
доираи Кониститутсия ва қонунҳои кониститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ба роҳ монда, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”
фаъолияти густурдаеро бурда истодааст. Инчунин, дар идомаи кори конференсия
Боронов Муҳибулло, аъзои комиссияи тафтишотии молиявии ҳизб дар бораи вазъи
молиявии кумитаи ноҳиявии ҳизб аз моҳи июли соли 2022 то моҳи августи соли 2024
ҳисобот дод.
Қобили тазаккур аст,
ки дар раванди конференсия вакилон ҳайати нави кумитаи иҷроияро иборат аз 29
нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 3 нафарро интихоб намуда,
масъалаҳои дигари рӯзномаро, ки барои баррасӣ пешниҳод гардиданд, муҳокима
намуда аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Маврид ба зикр аст, ки пас аз
анҷоми конференсия маҷлиси
нахустини ҳайати нави кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки Музаффаров Зафар, аз
сари нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав интихоб гардид.
Дар
идома зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хосса дорад ва бо татбиқи
ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани
азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб
ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба
давра дар ҳоли густариш ёфтан мебошад.
Дар
анҷоми чорабинӣ ба гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки ба сафи ҳизб пайвастанд дар
вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав супорида шуд.