Аксияи «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!»
2024-09-18
Дар
доираи баргузории аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба
пеш!» санаи 17 сентябри соли 2024 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аъзоёни фаъоли Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд
гузаронида шуд.
Зимни
аксия ба шаҳрвандон рӯзномаи “Минбари халқ” бахшида ба ҷашни 33 - юмин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон тақсимот гардид, ки аз тарафи сокинон хуб пазируфта шуд.
Ҳадаф
аз баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» тарғибу
ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, нақши истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини
тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аксияи
«Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» идома дорад.