ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚВИЯТБАХШИ МАҚОМ ВА РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕА
2024-09-18
Ҷомеае,
ки ба аҳли маориф, ба устод - омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт
муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи
омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма
мегиранд. Аз ин лиҳоз педагоги маъруф Ян Амос Каменский ба касби ифтихорманди
омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, гуфта буд: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине
супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Воқеъан,
ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии
ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир
диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул
медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии
наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи
дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон
ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани
илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост
мебошад.
Дар
зарфи беш аз си соли Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ ба соҳа маориф дар сиёсати
давлатии Тоҷикистон мақоми хосса пайдо кардааст. Қабули қонунҳои муҳими соҳаи
маориф, аз ҷумла «Дар бораи маориф» , Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то
соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму
тарбияи кӯдак» ва дигар сандҳои ҳуқуқӣ шаҳодати он аст, ки омӯзгорон дар
тарбияи наслҳои оянда ва рушди умумии кишвар нақши калидӣ доранд. Бунёди
мактабҳои нав, таъмири мактабҳои мавҷуда, баланд бардоштани музди меҳнати
омӯзгорон ва қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи
иқдомҳоест, ки Ҳукумату давлат барои дастгирии омӯзгорон анҷом медиҳад. Ҳар сол
дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна зиёда 380 мактаб бунёд мешавад, ки ин далели
таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ин соҳа мебошад.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки омӯзгор дар раванди таълиму
тарбия, ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва
пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму
тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ
дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи
миллат, масъул аст.
Имрӯз
фаъолияти касби омзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди
мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз
шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
Пешвои
миллат ҳангоми ироаи паёмашон вазифаю мақоми омӯзгор ва мактабро хеле дақиқ
муайян карданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва
омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо
арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро
агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад,
миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву
сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор
мегардад.
Бинобар
ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта -
сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз
ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи
маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро
барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин
соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Сарвари давлат мудом
таъкид менамоянд, ки эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Ин маънои
онро дорад, ки нақши омӯзгор танҳо ба таълиму тарбия маҳдуд намешавад, балки ӯ
равшангари роҳи пешрафти ҷамъият аст. Омӯзгорон бо интиқоли дониш ва арзишҳои
ахлоқӣ, ба ҷавонон кумак мекунанд, ки дар раванди сохтани ҷомеаи навини
Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат дар ҳар як паёму вохӯриҳо бо аҳли
маориф ба манзалати омӯзгору мактаб баҳои баланд дода, ғамхории навбатии худро
ба онҳо ифшо месозанд. Дар ҳамин замина, зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва
Дарси сулҳ (1 сентябри соли 2024) пешниҳод намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳарчӣ тезтар таҳия карда шавад. Ин иқдоми
ҷиддӣ муҳим барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа арзёбӣ
мегардад.
Бо вуҷуди ин, Пешвои
миллат зикр карданд, ки то ба имрӯз дастовардҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Маорифи кишвар бояд ба рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияи
муосир бештар мутобиқ шавад. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо инфрасохтори
моддӣ, балки сатҳи таълим ва тарбияи мутахассисони касбӣ низ бояд ба талаботи
замон ҷавобгӯ бошад. Инчунин, омӯзгорон бояд дар таълими хонандагон ва
донишҷӯён истифодаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъиро беҳтар дарк намуда,
ин ҷиҳатро дар таълими худ бештар истифода баранд.
Яке аз самтҳои муҳим
дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ин баланд бардоштани маҳорати омӯзгорӣ
сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Дар ин раванд, мактабҳо, донишгоҳҳо ва
муассисаҳои таълимии олӣ бояд бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва
технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беҳтар таъмин карда шаванд. Бо
ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва
«Илм-фурӯғи маърифат», давлат дар самти рушди эҷодкорӣ ва зеҳнии хонандагон ва
донишҷӯён тадбирҳои назаррас андешидааст. Ин чорабиниҳо имконияти беҳамтоеро фароҳам меоранд, ки
истеъдодҳои тоза дар арсаи таълиму тарбия рушд ёбанд.
Нушервон ЗАРИПОВ,
омӯзгори
кафедраи“Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва
табобати нурӣ”, аъзои
ташкилоти ибтидоии "Табибони
ҷавон" -и
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино