БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

2024-09-17

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 16 сентябри соли 2024 пеш аз оғоз намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Ман Ватанро тозаю озода нигоҳ медорам" бо волонтёрони ҳизбӣ дар толори Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло ва намояндагони ШВКД дар шаҳри Норак иштирок намуда, бо волонтёрони ҳизбӣ оид ба фаъолияти волонтёри суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти волонтёрӣ барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, рушди истеъдодҳо, анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон ва барои соҳибтахассус гаштани онҳо соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардид. Дар асоси ин қонун имрӯз дар тамоми муассисаҳои миёна, олии касбӣ, мақомотҳо ва ташкилоту муассисаҳо волонтёрон фаъолият доранд.

Бояд гуфт ин намуди фаъолият барои тарбияи ҷавонон заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад. Онҳоро дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ, меҳанпарварию накукорӣ тарбия менамояд. Ин фаъолият имкон медиҳад, ки ҷавонон бо анҷоми корҳои шоиста миёни ҷомеа нуфузу мартабаи хешро пайдо намоянд.

Баъди баргузории вохӯрӣ волонтёрон ба 3 гурӯҳ тақсим гардида, аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Ман Ватанро тозаю озода нигоҳ медорам" доир намуданд.